Танзими ироаи хутбаҳои намози ҷумъа дар Миср
Вазорати авқофи Миср қарореро содир намудааст, ки бар асоси он аз ин ба баъд хутбаи намози ҷумъа дар ҳамаи масоҷиди ҷомеи ин кишвар ба як шева ироа хоҳад шуд.
Ин ниҳод бо нашри баёнияе гуфтааст, қарори мазкур ба хотири ироа шудани мавъизаҳои пандомези дур аз ҳар гуна таблиғоти сиёсию мазҳабӣ ва ҳизбӣ барои намозгузорон гирифта шудааст. Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазир авқофи Миср нақши ироаи хутбаи ягона дар масоҷиди ҷомеъро дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи кишвараш калидӣ хонда, мегӯяд: “Дар хутбаи намози ҷумъаи оянда, имом-хатибони мисрӣ дар бораи рушди деҳаҳои фақернишин ва дастгирии оилаҳои камбизоат суханронӣ меронанд.”
Муҳаммад Мухтор ҳушдор додааст, ки агар ҳар имом-хатибе аз мавзӯи интихоб шуда, берун рафта, аз минбари масҷид ба ҷонибдорӣ аз гирдиҳамоиҳои ҳаракати “Бародарони мусулмон” дар Миср сухан меронаду ишораи “ар-робиа ал-адавия”-ро мебардорад, алайҳи ӯ чораҳои лозима андешида хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Иттиҳодияи имом-хатибон ва воизони Миср низ, ки ба қавли коршиносон, ҷуз як ниҳоди расмӣ беш нест, аз ин қарори вазорат истиқбол карда, онро бисёр муҳим ва саривақтӣ хондааст. Шайх Абдулносир, сухангӯи Иттиҳодияи имомхатибон ва воизони Миср гуфтааст, беҳтар аст, Вазорати авқоф маҷмуаи мавзуҳои диниро тартиб диҳад, ки имом-хатибон дар интихоби мавзӯъ бо мушкил мувоҷеҳ нашаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |