Эмомалӣ Раҳмон дар Олимпиадаи Сочӣ иштирок мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпист, дар олимпиадаи зимистонаи Сочӣ иштирок хоҳад кард. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи олимпиада, ки 7 феврал дар назар аст, ширкат меварзад.
Аз миёни варзишгарони Тоҷикистон дар сабқатҳои Сочӣ ду лижарон -- Андрей Даригин ва Алишер Қудратов қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ин варзишгарон ҳамроҳ бо ду мураббӣ ва ду намояндаи Кумитаи олимпии Тоҷикистон субҳи 28 январ ба Русия рафтаанд.
Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ аз 7 то 23 феврал баргузор хоҳад шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |