Бахшҳо

Киро эшон гӯему киро ҳазрат ва киро мавлавиву аллома?

Корбурди унвон ё худ истилоҳҳои мазҳабии “мулло”, “домулло” ва “мавлавӣ”-ю “аллома” ё “муфтӣ”, ки ба руҳониёни исломӣ нисбат дода мешаванд, баҳсеро дар ҷомеа ба миён гузоштааст. Ҳарчанд бархе ин вожаҳо то ҷое маънои луғавии худро доранд, вале чизе, ки ҳоло ҷомеаи тоҷикро ба баҳс кашидааст, ин мафҳуми истилоҳӣ ва фарқияти онҳо аз якдигар мебошад.

Дар мавриди киро “мулло”-ву “домулло” ва кадом рӯҳониро “аллома”-ву “мавлавӣ” метавон гуфт, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик мегӯяд, ин масъала ба урфияти мардум вобаста буда, дар сарчашмаҳои фиқҳӣ дар ин бора чизе наомадааст. Ба қавли мусоҳиби мо, дар Ислом унвон ё рутба вуҷуд надорад ва ин мардум аст, ки худ ба онҳо унвон мегузоранд. “Агар дар мо рӯҳониро “мулло” ё “домулло” гӯянд, пас, дар Афғонистону Покистон ӯро “мавлавӣ” гуфта садо мекунанд. Яъне, аз ин фаҳмида мешавад, ки ҳар қавму миллат вобаста ба урфи хеш рӯҳониёнро ном мегузоранд”- меафзояд Тӯраҷонзода.

Вожаи “мулло” ҳоло маъмултарин унвон ё истилоҳе мебошад, ки дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик бо он рӯҳониёнро ном мегиранд. Бархе аз донишмандон онро баргирифта аз феъли арабии “малаа”(пур шуд) медонанд. Яъне, гӯиё калимаи “мулло”-ро ба шахсе нисбат бояд дод, ки маълумоти пур ё комил дар бораи фиқҳи исломӣ гирифтааст. Аммо Абдуллоҳи Оқилзода, узви Маҷмааи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, аслан чунин вожае вуҷуд надорад ва калимаи "мулло" шакли нодуруст талаффузшудаи калимаи арабии "мавло" мебошад, ки маънои ҷаноб ва ҳазратро ифода мекунад.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода вожаи “эшон”-ро низ, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо он сайидзодаҳо ном гирифта мешаванд, дар ин бора истисно намедонад. Ӯ гуфт, ин масъала низ вобаста ба урфу одати мардум аст: “Дар баъзе аз минтақаи шимоли кишвар сайидзодаҳоро, ки мо эшон ном мегирем, “тӯра” мегӯянд... ”

Дар мавриди калимаи муфтӣ низ бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки корбурди ин вожа ҳоло дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик “корношоям” шудааст. Коршинос Аъзамшоҳи Ширговадӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон мақоме бо номи муфтӣ вуҷуд надорад. Чун ба гуфтаи ӯ, дар ин бора на дар Сарқонун ва на берун аз он бо вуҷуди беш аз 90% мусулмон будани сокинони кишвар чизе оварда нашудааст. Ӯ илова менамояд, ки Тоҷикистон Маркази исломӣ дорад, ки раҳбари онро раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ном мегиранд, на муфтӣ ва ба назари Ширговадӣ раиси Шӯрои улмаморо муфтӣ номидан ғалат аст: “Маркази исломии Тоҷикистон ҳам як маркази ҷамъиятӣ аст на ҳуқуқӣ, ки гоҳ гоҳ бо истифода аз фатвоҳои онҳо бархе аз сиёсатмадорон сӯистифода мекунанд.”

Бо ин ҳол, дар муқоиса ба солҳои пеш истифодаи вожаи ҳоҷиву мавлавӣ ва ҳазрату эшону домулло дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёд шуда, бештар вақт аз забони ҷавонон садо медиҳад. Собири Муҳаммад, таҳлилгари масоили динӣ, мегӯяд, борҳо шоҳиди он шудааст, ки аслан касеро, ки дар умри худ Ҳаҷро надида ва ё дар бораи он тасаввуроте надорад, бо номи ҳоҷӣ садо мекунанд ва ё касеро, ки шояд бо рӯҳоният пайванде надорад, эшону ҳазрат мегӯянд. “Ин як навъ баёни эътиқод ва бовар аст. Гузашта аз ин, истифодаи чунин вожаҳо, ки мисли як рутбаанд, мақоми шахси мухотабро боло мебарад ва тариқаи осоне барои ҳалли корҳои муҳим аст”,-афзуд мусоҳиби мо.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
"Озодагон"- Шумо хам мавзуъ меёбедддда??!!
Ба назари ман-- мо бояд ба мухочирини мехнатиамон- ЭШОНи МУХОЧИР, ба рузноманигорон- ДОМУЛЛО ЖУРНАЛИСТ, ба вазирону раиси кумитахо- МАВЛАВИ ВАЗИРИ БАРК, МАВЛАВИ РАИСИ АМНИЯТ, ...
ба намояндагони ХУКУКИ БАШАР ва МУХОЛИФИН, ки худро ДОНОТАР аз дигарон мегиранд АЛЛОМА РАХМАТУЛЛО ЗОЙИРОВ, АЛЛОМА КАБИРИ, АЛЛОМА ДОДОЖОН АТОВУЛЛОЕВ, АЛЛОМА ФАЙЗИННИСО ном барем...
Ба ахли РУХОНИЯТ бошад факат вожаи БОБОИ ФАЛОНИ дурусттар ва мантики мебошад..

зардушт
на мулло на кози на эшон бошу вале инсони комил бош

Зардуштчи зардушти оташпараст шавем ба?!

комрон
борхо ба донандагони роз аз тарики расонахо мурочиат кардам аммл касе бароям маънои аслии вожаи МУЛЛО-ро шарх дода натавонист. зеро ин калима хамвазну хамоханги калимоти араби бошад хам дар забон ва луготи араби чунин калима мавчуд нест . Дар мамолики араб низ касе калимаи -муллоро истифода намекунад... ПАС МУЛЛО ЯЪНЕ ЧИ шояд МУЛЛОЕ маънияшро донад......????????
Озодагони озода суоли марпо ба МУЛЛОХО бирасон.

Ҳоло деҳаҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистони мо ба сабаби бисёр будани муллоҳо чунин гуфтаҳои яке аз шоирони машҳур гузаштаро ба ёд меорад:

Сермуллотар аз он ҷо ҷо набуд
Ҳеҷ як ҳавлеш бе мулло набуд
Мардҳо мулло ако мулло амак
Янга мулло хола мулло ҳар занак
Наврасаш мулло уко буд мулло бобо пиракеш
Мухтасар мерехт мулло аз забони ҳар якеш

Махмадсаид кандатонро занед. Офарин.

Хочи Акбар камтар хато кардед....
Ба фикри ман хам мулло хам мавлави дарачаи илмии шахсро нишон медихад. Масалан дар Бухоро баъд аз хатми мадраса унвони муллогиро мегирифтанд. Агар дарс дихад Мударрис, инчунин унвонхои Муфти, Аълам, Кози, Козил Куззот ва гайра мавчуд буданд, ки маънои хосро дошт, на он ки махз гуфтаи мардум аст. Масалан Козил Куззот чунон, ки дар давлатхои хозира (верховный судья).......
Ин хабарнигорони мо хозирам хаёл мекунанд, ки оилаи Турачонзодахо хама чизро медонанду, дигархо хама бесавод.
Касам, ки холо толибилмоне хастанд, ки аз ин оила хам босаводтару хам боодобтар хастанд, лекин худнамои намекунанд.....

вали
ягон бандаи хоки сазовори номи худованди нест - вассалом

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)