Ронандаи моторолери тамғаи «Муравей», ки асноди қайду идоракунии нақлиёт надошт, аснои як садама ба ҳалокат расид.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, Муҳиддин Эргашеви 17- сола, сокини ҷамоати Ниёзови ноҳияи Қабодиён аснои ҳаракат аз тарафи деҳаи Меҳнатобод ба самти рустои Янгиобод бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба ҷуйбори обгузар чаппа шудааст. Дар натиҷа ноболиғ Эргашев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр