Абдиев сарҳадбонони қирғизро дар қатли 11 нафари бесилоҳ муттаҳам кард
Бархе аз вакилони парлумони Қирғизистон эътирози худ алайҳи дастури Хадамоти марзбонии ин кишвар, дар мавриди ба пуррагӣ нобуд сохтани 11 марзшиканро эълон доштаанд.
Курмантай Абдиев, намояндаи мардумии қирғиз аз Ҳизби “Ота-Ҷурт” гуфтааст, ҳанӯз ҳам барои онҳо равшан нест, бо чӣ далел Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, раҳбари Хадамоти марзбонии кишвараш барои пурра нобуд кардани сарҳадшиканон амр кардааст. Ӯ мегӯяд, Дуйшенбиев дар ҳоле ба қатли гуруҳи 11-нафарии марзшиканон дар минтақа сарҳадии кишвараш бо Чин дастур додааст, ки ин иқдом ба манфиати Бишкек набуд.
Абдиев бар инаст, ки Душанбиев ба қатли марзшиканоне дастур додааст, ки бо худ ба ҷуз як милтиқи шикорию корд, силоҳи оташфишони дигар надоштанд: “Хуб коре мекунед, ҳанӯз маълум нест, барои пурра нобуд кардани ин гуруҳи 11-нафарӣ чӣ зарурат буд? Ин саволест, ки мардум барои он ҷавоб хоҳанд, хост!”
Ин вакили қирғиз таъкид дошт, ки марзбонони Қирғизистон ба ҷои қатл, бояд ба зинда дастгир кардани марзшиканон талош мекарданд: “ин имкониятро доштанд. Ҳадди ақал бояд, яке аз онҳоро зинда дастгир мекарданд, чун барои мо маълумот даркор буд, на ҷасади онҳо."
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, рӯзи 23 январи соли ҷорӣ бо пахши як иттилоия аз даргирии нави мусаллаҳона дар марз хабар дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳи марзшиканон, ки корманди хоҷагии шикори ин кишварро кушта, ба марзбонони минтақаи Иссиқ-кӯл мухолифати мусаллаҳона нишон додаанд, дар 40-километрии марзи Қирғизистону Чин муҳосира ва кушта шуданд. Дуйшенбиев рӯзи 24 январ зимни нишасти хабарие гуфта буд, ин гуруҳи 11-нафарии марзшикан ба хотире пурра нобуд карда шуданд, ки як шаҳрванди ин кишварро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида, аз таслим шудан саркашӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |