Гиряҳои Бозор Собир ва таассуфи ӯ дар Шабакаи аввал
Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон дар барномаи навбатии “Президенти мардумӣ” наворҳоеро дар бораи Бозор Собир, шоири тоҷик, намоиш дод, ки ҳадди ақалл даҳ соли қабл сабт шуда, то ин вақт аз пахши он худдорӣ мешуд.
Дар яке аз ин наворҳо Бозор Собир ҳангоми хондани таронаи “Аз хоки Ватан дар дили ман гӯри падар монд...” сахт гиря мекард ва ин навор тақрибан даҳ соли пеш сабт шудааст. Ин навори видеоиро чаҳор соли пеш телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон дар 72-солагии Бозор Собир, замоне ки телевизионҳои давлатӣ аз гирифтани номи ӯ худдорӣ мекарданд, намоиш дода буд.
Дар барномаи “Президенти мардумӣ” ба ҷуз истифодаи наворҳо аз бойгонӣ, худи Бозор Собир низ ҳузур дошт, ки бештар пурсишу посухҳо атрофи эҷодиёти кӯҳнаву тоза ва сафару бозгашти ӯ ба Ватан, аз ҷумла иштибоҳҳои кардааш буданд. Худи шоир аз он дар таассуф буд, ки дар гузашта бо сабаби поин будани сатҳи фаҳмиши сиёсияш даст ба эҷоди бархе аз шеърҳо задааст, ки қобили қабул нестанд. Ҳарчанд ӯ дақиқан нагуфт, кадом шеъраш иштибоҳан эҷод шудааст, вале изҳор дошт, ки агар дар гузашта, чунин фаҳмиши сиёсӣ ба мисли имрӯз медошт, ҳаргиз чунин шеърҳо наменавишт: “Мо он вақтҳо хеле саводи сиёсии мухтасар доштем, ҳоло низ аксари мардуми тоҷик, аз ҷумла нависандагону олимони тоҷик саводи сиёсии кам доранд.”
Муаллифони “Президенти мардумӣ” як қисмати барномаи худро дар бораи Темур Собиров, бародари Бозор Собир низ бахшида, чанд бор акси модари ӯро низ намоиш доданд. Дар ин қисмат, Бибикалон Собирова, хоҳари шоири тоҷик дар бораи меҳри бародарии аз ҳад зиёди Бозор Собир ва обод шудани қабристони деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод аз сӯи ӯ сухан мекард. Инчунин, дар барномаи мазкур қиссаҳо дар бораи зодгоҳи шоир - деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод шуда, аз ӯ дар бораи вуҷуди созмону ҳаракатҳои дорои аҳдофи ғаразнок дарТоҷикистон саволҳо мешуд. Бозор Собир аз он ибрози нигаронӣ дошт, ки ҳоло дар Тоҷикистон, бахусус Душанбе беш аз 1000 созмони хориҷии иртиҷоӣ фаъолият дорад, ки ба гумроҳ кардани ҷавонони тоҷик машғуланд.
Саидқул Билолов, ҳунарманди тоҷик низ, ки яке аз иштирокдорони барномаи “Президенти мардумӣ” буд, ба тавсифу мадҳи шоири бозгаштаи тоҷик ба Ватан пардохта, мегуфт, ин 20 соли ғурбат шоир Бозор Собирро шоиртар кардааст: “Аслан ин устоди мо чи тавре дар равияҳои аҳли тасаввуф мегӯянд, дар узлат буд, касе ёфт намешуд шеърҳои ӯро хонад...” Дар лаҳзаҳои охири барнома навори видеоии ҳангоми бозгашти шоир ба Ватан намоиш дода мешуд, ки Бозор Собир дар ин қисмат аз тамоми зиёиёну соҳибони ақлу хирад даъват мекард, то дар канори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гирд оянд: “Аз муаллим то академик дар паҳлуи президент буданаш беҳтар аст, чун мегӯянд, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад!”
Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст. Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.
Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |