Худдории қирғизҳо аз идомаи сохтмони роҳи “баҳсбарангез”
Ҷониби Қирғизистон нисфирӯзи якшанбе, 26 январ, сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқро, ки баҳонаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дониста мешавад, қатъ қардааст.
Дар ин бора як манбаи аз ноҳияи Исфара ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, қирғизҳо қисми асосии техникаи сохтмонияшонро берун бурдаанд. Мусоҳиби мо афзуд, айин ҳол қисмати дигаре аз таҷҳизоти сохтмонӣ дар роҳ боқӣ мондааст ва нияти ниҳоии қирғизҳо баъд аз зӯҳри 27 январ муайян мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки имрӯз, 27-уми январ гуфтушуниди дутарафа идома хоҳад дошт.
Ин дар ҳолест, ки сохтмони ин роҳ, ки қисмати асосии он аз қаламрави баҳсбарангез мегузарад, 11 январ бо тирпарронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз оварда буд. Шараф Файзуллоев, сардори сарситоди қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шарҳи иллати сар задани ин тирпаронӣ гуфта буд, “ҷониби Қирғизистон ба дастури ноиби нахуствазири Қирғизистон Тоқон Мамитов истинод карда, сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдиқро, ки аксаран аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, аз нав давом дод.”
Дар ҳоле ки ба гуфтаи генерал Файзуллоев, бар асоси протоколе, ки соли 2008 миёни мақомоти тоҷику қирғиз омода шудааст, ҷонибҳо дар қитъаҳои баҳсбарангези марз, ки ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, набояд сохтмоне ба роҳ бимонанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |