Таҷлили мавлуди паёмбар аз тарафи муҳоҷирон дар Екатеринбург (ВИДЕО)
Муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз солгарди мавлуди паёмбар Муҳаммад (с) дар яке аз масоҷиди ҷомеи ин минтақа таҷлил кардаанд. FerganaNews дар ин бора гузориш дода, навиштааст, дар ин ҷашни мавлуди Муҳаммад (с) беш аз 300 сокини маҳаллию муҳоҷирони тоҷик иштирок доштанд.
Қисмати аввали ин маҳфил бо суханронии Равил Мамлеев, муфтии минтақа оғоз шуда, қисамти дуюми онро муҳоҷирони тоҷик бо қироати ояҳои Қуръону беҳтарин нашиду салавотҳо дар ҳаққи Муҳаммад (с) гузаронидаанд. Убайдуллоҳ Каримов, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз ташаббускорони ин ҷашн, ки тӯли беш аз 20 соли умри худро дар қаламрави Русия гузарондааст, мегӯяд, таҷлили мавлуди паёмбар (с) дар аксар кишварҳои исломӣ ба як тарз сурат мегирад ва онҳо низ ин шом бо баргузории маҳфиле хостаанд, ба мардуми маҳаллӣ нишон диҳанд, ки онро дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мекунанд.
“Мардуми дорои тоҷик одатан дар давоми моҳи Рабеъ-ул-аввал мисли моҳи Рамазон бо барпо намудани маҷлис ва оростани дастархони идонаву пухтани ош аз ин ҷашн таҷлил мекунад, имрӯз мо низ гирди ҳам омада, ош низ пӯхтаем”,-афзудааст ӯ. Убайдуллоҳ Каримов дар идома аз таъсиси ин гуна масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Екатеринбург, ки шаҳрвандони муқимии Тоҷикистон озодона метавонанд, дар он фаризаҳои динии худро адо кунанд, истиқбол карда, меафзояд: “Масоҷид ва суханони имом-хатибони донишманд имрӯз дар тарбияи насли навраси мо нақши калидӣ дорад, чун онҳо ба дунё меоянд, ҳеч маълумоте дар бораи адён ва мазоҳиби гузаштагонашон надоранд. Аз ин рӯ, фаъолияти имом-хатибони донишманд бисёр муҳим мебошад.”
Зиёд Иброҳимов, муҳоҷири 23-солаи дигари тоҷик, ки давоми се сол аст, дар ин минтақаи Русия ба ҳайси сохтмончӣ фаъолият дорад, мегӯяд, аз ин ҷашн то ба ҳадде рӯҳан ҳаловат бурдааст, ки эҳсос мекунад, дар ватан дар гирду ёру бародаронаш қарор дорад: “Дар Тоҷикистон низ оилаи мо бо оростани ин гуна дастархону қироати Қуръон, нашид ва фиристодани салавот ба Муҳаммад (с) аз мавлуди ӯ таҷлил мекунанд.” Иброҳимов иброз медорад, ки аз ҳама хусусияти хуби ин гуна маҳофил дар он аст, ки инсон тамоми мушкилоти худро барои як лаҳза ҳам бошад, фаромӯш мекунад: “Мушкилоти муҳоҷирон ба ҳама маълум аст, қайдгирии аснод, иҷораи хона ва чиптаи ҳавопаймо, ки ин ҳама маблағ талаб мекунад ва албатта ҳар як муҳоҷир бояд, талош кунад, то дар баробари пардохти ин пулҳо боз барои фарзанду хонаводааш кор кунад.”
Таҷлили мавлуди паёмбар (с) аз сӯи муҳоҷирон дар масҷиде баргузор карда шудааст, ки ёвари имомхатибии онро Мирзо Назаров, шаҳрванди Тоҷикистони муқими Русия ба зимма дорад. Мирзо Назаров, ки миёни намозгузорони масҷди мазкур маъруф ба Эшони Мирзо аст, зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон буда, 48 сол дорад.
Равил Мамлеев нақши муҳоҷирони тоҷикро дар ободии ин масҷиди ҷомеъ, ки қаблан бинои он кинотеатр будааст, назаррас хонд. Ӯ мегӯяд, барои онҳо бисёр дастоварди бузург аст, ки як тоҷики донишманди улуми исломӣ ва дорои тахассуси сохтмончӣ ёвари имом-хатиби онҳост: “Бештар барои мо, аз он хотир Эшони Мирзо маъқул аст, ки пайрави мазҳаби Ҳанафия буда, бо муҳит ва фазои динии Русия созгор аст.”
Мавлуди паёмбар (с) ҳар сол 12-уми рабеъ-ул-аввал фаро мерасад, ки имсол ба таърихи 12 ба 13 январи соли 2014 рост омада буд. Аксар вақт аз як ҳафта то давмои як моҳ аз он таҷлил мешавад. Дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон имсол бо қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Сайидмукаррами Абдулқодирзода ба зимма дорад, як рӯзи ҷумъа таҷлил карданд.