9 августи соли 2011 вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҶТ хонум Хонгвей Гаоро ба муносибати ба итмом расидани мӯҳлати иҷрои вазифааш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Хонвей Гао барои фаъолият ва саҳми ӯ дар таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ изҳори миннатдорӣ кард. Дар навбати худ хонум Хонгвей Гао дар мавриди лоиҳаҳо ва масъалаҳое, ки тайи солҳои охир аз ҷониби ЮНИСЕФ татбиқ шудаанд, маълумот дода, миннатдории худро барои дастгирӣ ва ҳамкории самаранок дар татбиқи он лоиҳаҳо иброз намуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр