Даврон Эргашев бо клуби “Габала”-и Озарбойҷон қарордод баст
Даврон Эргашев, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон бо клуби “Габала”-и Озарбойҷон қарордод бастааст.
“Габала” яке аз пешсафони чемпионати Озарбойҷон буда, онро Юрий Семин, тренери шоистаи Тоҷикистон тамрин медиҳад.
Бозигари 25 солаи тоҷик ба расонаҳои Озарбойҷон гуфтааст, муҳлати қарордод то охири мавсим дар назар буда, дар сурати лозим тамдид хоҳад шуд. “Ҳафтаи сеюм аст, ки дар инҷо ҳастам ва хеле қаноатмандам. Дар “Габала” колектив ва бозигарони хубу мутахассисони беҳтарин ҷамъ омадаанд. Ҳама чӣ хуб аст. Футболбозон бо кадом як мушкил рӯбарӯ намешаванд”,-гуфтааст Эргашев.
Эргашев дар гузашта дар ҳайати “Хуҷанд”-и Хуҷанд бозӣ кардааст. Мавсими сипаришударо дар клуби “Жетису”-и Қазоқистон сипарӣ намуд.
“Габала” бо 35 имтиёз дар мақоми дуюми премер-лигаи Озарбойҷон қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |