Аврупо расман лағви бархе таҳримҳояш алайҳи Эронро эълон кард
Иттиҳоди Аврупо расман аз лағви бархе таҳримҳои ҷорикардааш алайҳи Эрон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манобеи хабарӣ, вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар нишасти рӯзи 21 январи худ аз таваққуфи бахше аз таҳримҳои Эрон, дар чоҳорчуби барномаи иқдоми муштарак бо ин кишвар, раъй додаанд. Ин дар ҳолест, ки Оҷонси байналмилалии энергияи атомӣ гуфт, Эрон тавлиди урониюми 20-фоизро мутаваққиф ва шаффоф кардани захираҳои урониюми 20-фоизро оғоз кардааст.
Қаблан Иттиҳоди Аврупо шарт гузошта буд, ки дар сурати таъйд ёфтани пойбандии Эрон ба тавофуқномаи Женева аз сӯи Оҷонси байналмилалии энержӣ-атомӣ изҳороти ин мақом дар робита ба лағви таҳримҳо худи ҳамон рӯз нашр хоҳад шуд. Эрон бо кишварҳои 5+1(Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Англия ва Олмон) охирҳои моҳи ноябри соли гузашта ба тавофуқ расида буданд, ки Теҳрон ғанисозии 20%-и урани худро поин бурда, бархе аз маҳдудиятҳоро дар ин бахш ҷорӣ мекунад.
Аз сӯи дигар, Кохи Сафед ҳамчунин гуфтааст, ки гуруҳи 5+1 Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон, акнун тарҳи гуфтугӯ дарбораи ҳалли ҷомеъ ва музокироти дарозмуддатро оғоз хоҳанд кард. Амрико таъкид кардааст, ки Вашингтон ба дипломатияи қавӣ ва муназам барои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, пойбанд боқӣ хоҳад монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |