Барои талоши суиқасд ба ҷони президент ҳукми қатл медиҳанд
Дар лоиҳаи нави Кодекси ҷиноии Қазоқистон меъёре муқаррар шудааст, ки барои суиқасд ба ҷони аввалин президенти кишвар ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Дар ин бора Жемис Турмагамбетов, сарвари иҷроияи сандуқи хайриявии “Хартия барои ҳуқуқи инсон” хабар додааст.
Хабаргузории “Интерфакс-Қазоқистон” аз қавли ин ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, ки зери раҳбарии прокурори генералӣ гуруҳи корӣ, ки ба ҳайати он намояндаҳои тамоми мақомоти қудратӣ шомиланд, барои чунин ҷиноят, ҳукми қатлро пешбинӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, қаблан барои суиқасд ба ҷони президент чунин ҷазои сахт пешбинӣ нашуда буд ва онро баъдан ворид сохтаанд.
Аввалин ва дар ҳоли ҳозир президенти амалкунандаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз соли 1991 ин кишварро роҳбарӣ мекунад. Ӯ чандин маротиба дар интихоботҳо дастболо шудааст. Охирин интихоботи президентӣ моҳи апрели соли 2011 баргузор шуда, Комиссияи марказии интихобот Назарбоевро бо 95,55 дар сади райъ баранда эълон кард.
Соли 2007 парлумони Қазоқистон ба Назарбоев ҳамчун аввалин президент ҳаққи бидуни мамоният пешниҳод кардани номзадияшро ба мансаби раёсатҷумҳурӣ дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |