Дасти ҳамсояҳо дар “гумшавӣ”-и миллиардҳо миёни Чину Тоҷикистон

Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе фарқият миёни омори гумрукии Тоҷикистону Чинро дар бораи ҳаҷми додугирифти ду кишвар шарҳ дод.
Раҳматов аз шеваи инъикоси ин мавзуъ дар расонаҳо интиқод намуда, изҳор дошт, асли гап дар он аст, ки мақомоти гумруки Тоҷикистону Чин аз низомҳои гуногуни ҳисобукитоб истифода мекунанд: "Дар фаъолияти гумрукӣ молу воситаҳои нақлиёт тавасути 18 низоми гумрукӣ сабт мешаванд ва ташкил додани омори гумрукӣ ба назар гирифта мешаванд. Барои мисол якчанд ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон пудратчии асосӣ астанд ва барои сохтмони иншоотҳои махсусан муҳим воридоти техникаи онҳо аз супоридани боҷи гумрукӣ озод мебошанд. Дуюм ин, ки бархе аз техникаи гаронарзиш таҳти низоми муваққатӣ ворид мегарданд ва дар омори гумрукии Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.”
Раҳматов инчунин илова намуд, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон воридоти мол аз ҷониби шахсони воқеӣ дар ҳаҷми камтар аз 1000 доллари амрикоӣ ба таври содагардонидашуда ба расмият дароварда мешавад, на тариқи деклоратсия: “Он чизе, ки дар деклоратсияи гумрукӣ дарҷ намешавад ба оморӣ ворид намегардад. Содироти ин гуна молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ дар Чин ба инобат гирифта мешавад."
Муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон инчунин шарҳ дод, ки дар бисёри ҳолатҳо транзити қалбакӣ вуҷуд дорад: “Масалан, дар кишварҳои ҳамсоя гуруҳҳое ҳастанд, ки ба ин кор солиёни дароз машғул ҳастанд. Аз ҷониби ин кишварҳо мол барои Тоҷикистон муаррифӣ мешавад, вале чун аз Чин содир мешавад, дар худашон истифода мегардад. Лекин аз рӯи ҳуҷҷатҳо ин мол ба Тоҷикистон равона шудааст.”
Ба гуфтаи Раҳматов инчунин бархе аз ширкатҳои Тоҷикистон ба транзити мол ба Афғонистон машғуланд ва чун интиқолдиҳанда ширкати тоҷикистонӣ аст, дар гумруки Чин он чун моли Тоҷикистон сабт мешавад, вале дар асл ба Афғонистон равона мегардад.
Омили дигарро ноиби раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар он гуфт, ки содиркунандагони Чин манфиатдоранд, ки арзиши моли содиркардаашонро баланд нишон диҳанд, чун дар низоми андозбандии Чин ин омили муфид аст.
Раҳматов инчунин бо зикри омили дигар, яъне набудани додугирифти иттилооти гумрукӣ миёни Чину Тоҷикистон таъйид намуд, ки камбудиҳо вуҷуд доранд ва онҳоро дар сурати роҳандозии табодули иттилоот бартараф кардан имкон дорад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти гумруки Чин ҳаҷми додугирифти ин кишвар бо Тоҷикистон 1 миллиарду 700 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аммо ба иттилои ҷониби Тоҷикистон он камтар аз 700 миллион доллар аст. Таҳлилгарон мегӯянд, дар ин миён ба миқдори 1 миллиард доллар мол сабт нашудааст ва дар натиҷа буҷети Тоҷикистон аз садҳо миллион маблағ маҳрум мондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |