АКС: Мақомот нагузоштаанд, брифинги Ҳусайнӣ дар Суғд баргузор шавад
Як ҳайати муташаккил аз кормандони оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ имрӯз, 23 январ, ба дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, дари толорҳои дафтарро муҳр задаанд.
Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, субҳи 23 январ як ҳайат аз ҳисоби кормандони оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ ба дафтар ҳозир шуда, дар пайи бозрасии бинои шуъба, дарҳои толори онро муҳр зада, нерӯи барқро хомӯш карданд.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом дар ҳоле сурат гирифтааст, ки қарор буд, имрӯз 23 январ нишасте дар робита ба қазияи Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи ҲНИТ, ки 19 январ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд аз дунё даргузашт, таҳти раҳбарии Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ин ҳизб баргузор шавад. Раиси дафтари ҲНИТ мегӯяд, сабаби баста шудани толорҳоро мақомот дар вуҷуди баъзе аз камбудҳои ҷузъӣ дар бинои дафтар шарҳ додаанд. Аммо ба қавли ӯ, бархе аз аъзои ҳайат, ки нахостанд, номашон ифшо шавад, гуфтаанд, ин иқдом бо “дастури боло” сурат гирифтааст.
Баста шудани дари толорҳои дафтари ҲНИТ дар Суғд бори аввал нест, охирҳои моҳи апрели соли гузашта низ як ҳайати 15-нафарӣ аз ҳисоби кормандони амният, оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ ба дафтар ҳозир шуда, дар пайи як бозрасӣ дари толори ҷаласаи онро муҳр зада буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |