АКС: Сӯхтори меҳмонхонаи "Тоҷикистон" дар маркази Душанбе

Дар меҳмонхонаи Тоҷикистон, ки дар маркази Душанбе, дар рӯбарӯи Қасри Миллат воқеъ аст, субҳи имрӯз, 23-юми январ сӯхтор ба амал омадааст.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷои ҳодиса иттилоъ дод, сӯхтор дар ошёнаи 4-уми меҳмонсарои “Тоҷикистон” сар зада, кормандони меҳмонхона монеи паҳншавии он гаштанд. Ба иттилои манбаъ сӯхтор асосан бо қувваи кормандони меҳмонхона ва баъдан аз ҷониби кормандони Хадамоти оташнишонии пойтахт, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд, хомӯш гардидааст.
Фотеҳ Акрамов, мудири техникии меҳмонхона дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ошёнаи 4, дар ҳуҷрае, ки сӯхтор ба амал омад, истиқоматкунанди он пеш аз сӯхтор, соати 8 аллакай аз ҳуҷрааш баромада будааст: “Хушбахтона, системаи сигнализатсияи меҳмонхона саривақт кор кард ва аз ин ҳодиса мо зуд хабардор шудем. Дар натиҷаи ин ҳодиса 14-15 метри мураббаъ сӯхтааст. Дар мавриди сабаби сӯхтор ҳоло кор рафта истодааст ва чӣ қадар зарари молӣ расонидааст, инашро низ муайян мекунем”.
Феълан дар ҷои сӯхтор коршиносони Хадамоти оташнишонӣ ташхис бурда, омилҳои сар задани сӯхторро муайян карда истодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |