Тавсияи Жириновский ба сиёсатмадорон: Зан нагиред!
Ба таъкиди Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерал-демократии Русия ё ЛДПР раҳбарони қудратҳои ҷаҳон набояд зан дошта бошанд.
“Раҳбарони давлатҳои бузург ва нерӯманд бояд ҳамсар надошта бошанд. Зан халал мерасонад. Он мард раҳбарии тамоми ҷаҳонро зери ихтиёр дорад, аммо зан бо нағмаҳои аблаҳонааш пайдо мешавад”,-изҳор доштааст Жириновский.
Бино ба навиштаи “Интерфакс”, лидери ЛДПР муътақид аст, ки маҳз аз дасти завҷааш Барак Обама, раисҷумҳури ИМА вақтҳои ахир чандон ҳоли хуб надорад: “Ба зоҳири Обама нигаред, хеле тағир ёфтааст. Сабзранг шудааст. Ожангҳояш бештар шудаанд. Ба ин Мишел гунаҳкор аст. Клинтонро Моника баҳам зада буд”.
Владимир Жириновский ҳамчунин гуфтааст, ба президенти Амрико мактуб фиристода ӯро даъват мекунад, ки “зудтар аз занаш халос шавад”.
Авохири соли сипаришуда, дар расонаҳо овозае паҳн шуд, ки Мишел ва Барак Обамаҳо аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, аммо расман дуруст ё дуруғ будани он тасдиқ нашудааст.
Раҳбари ЛДПР бо изҳоротҳои аҷибу ғарибаш ҳамеша дар сархати расонаҳост. Чанд вақт пеш ӯ ба таври нимшухиву нимҷиддӣ ба ҳамҳизбҳояш гуфт, ки дар 3 моҳ танҳо 1 маротиба алоқаи ҷинсӣ кунанд. “Аз таъсири порнография ва филмҳои фаҳш дар насли ҷавон меъёре ҳосил мешавад, ки ҳар қадар бисёр бошад, ҳамон қадар хуб. Вале ман мегӯям, ки ҳар қадар кам бошад, ҳамон қадар хуб аст ва танҳо дар ҳолатҳое, ки майли дуҷониб бошад. Стандарт: 1 маротиба дар 3 моҳ, яъне 3-4 маротиба дар як сол”, таъкид намуд Жириновский.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |