ҲНИТ хароҷоти фарзандони Тоҷиевро ба зимма гирифт
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон ба хотири арзи тасаллият ба хонаводаи Умедҷон Тоҷиев озими вилояти Суғд шудааст. Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи ҲНИТ 19 январ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд аз дунё даргузашт.
Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд рӯзи 22 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло Ҳусайнӣ ҳамроҳ бо беш аз 300 нафар аъзои ҲНИТ ва дӯстону пайнвандони Тоҷиев дар манзили зисти марҳум дар ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара қарор дорад.
Ба гуфтаи Ёқубов, муовини раиси ҲНИТ ҳангоми суҳбат бо пайвандони марҳум, иброз доштааст, ки ин ҳизб тамоми сарфу хароҷоти таълими фарзандони Умедҷон Тоҷиевро ба зимма мегирад: “Васияти охирини Тоҷиев, ин маълумоти олӣ гирифтани фарзандонаш, аз ҷумла фарзанди бузургаш, ки ҳоло 14 сол дорад, мебошад. Аз ин рӯ, ҲНИТ хароҷоти онро бардӯш гирифт.”
Раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд илова кард, ки қарор аст, Сайидумар Ҳусайнӣ дар ҷараёни сафари худ ба ин минтақа кӯмаки ҳизбро, ки иборат аз маводи ғизоӣ аст, ба марзбонони тоҷик дар Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара тақдим ва аз эшон барои ҳифзи хоки ватан қадрдонӣ кунад.
Умедҷон Тоҷиев, ки ахиран намояндаи додситонии Исфара ӯро барои ҳамкорӣ бо Ҷунбиши исломии Узбакистон муттаҳам кард, 30 октябри 2013 аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда буд. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.
Аммо Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев, рӯзи 13 ноябри соли гузашта баъд аз дидор бо нафари таҳти ҳимояташ гуфта буд, Тоҷиев дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара маҷбур шудааст, худро аз ошёнаи севум ба зер партояд. “Тоҷиев дар тӯли чиҳил дақиқаи сӯҳбат, ки мо доштем, борҳо такрор кард, ки ӯро заданд. Тӯли чанд шабонарӯз дар Шӯъбаи умури дохилии Исфара истинтоқ намуданд. Аъзои бадани ӯро бо латтаи тар печонда, аз болояш нерӯи барқро пайваст кардаанд, то изи он дар баданаш намонад”,-таъкид карда буд вакили мудофеъ Юсуф Дониёров.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |