Баҳси пулгирӣ аз хориҷиён миёни вазири маориф ва Шабдолов
Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми январ созишномаи грантӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Асосиатсияи байналмилалиро ба тасвиб расонд, ки дар доираи он барои рушди маорифи Тоҷикистон 16,2 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад.
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни муаррифии ин лоиҳа дар парлумон изҳор дошт, ки маблағи ҷудогардида барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани таълим дар Тоҷикистон равона мегардад. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки то ҳол муҳтавои китобҳо ва матолиби таълимӣ дар кишвар ба далели камбуди маблағ ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Ӯ афзуд бо маблағҳои грантии ҷудогардида, мазмуни китобҳои таълимӣ такмил дода хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон, бо зикри зарбулмасал, ки “панири бепул танҳо дар қапқон мешавад” афзуд, ки мо бояд дар гирифтани маблағ аз хориҷиён эҳтиёткор бошем ва бинем, ки барои кӯдакони мо чӣ барномаҳо пешниҳод мекунанд.
Дар посух Нуриддин Саидов изҳор дошт, ки дар доираи ин лоиҳа тамоми барномаҳо аз ҷониби мутахассисони ватанӣ омода мегарданд ва танҳо аз натиҷаи он ба сармоягузорон гузориш хоҳанд дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |