Қудратов: “Парвандаи Зайдро ба далели номи наздикони президент махфӣ карданд”
Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, посухи Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистронро дар мавриди қазияи зерҳимояаш “афсона” хонда, таъкид намуд, ки далелҳои овардаи Абдуллоев ва додраси Додгоҳи Олӣ Шавкат Абдулхайров аз он дарак медиҳанд, ки онҳо аз Кодекси мурофиавӣ ва Кодекси ҷиноӣ хуб огоҳ нестанд ё чунин вонамуд карда истодаанд.
Дар мавриди гуфтаҳои Шавкат Абдулхайров, раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, ки парвандаро мақомоти тафтишотӣ ба далели ҳифзи шаъни иштирокдорони он махфӣ эълон кардаанд, Шуҳрат Қудратов мегӯяд, ки муҳри махфӣ дар парвандаи зерҳимояаш аз аввал ғайриқонунӣ буд, вале додрас ба ин чашм пӯшида, даъвои вакилонро дар ин маврид рад кард: “Муфаттишон аз аввал далели махфӣ эълон шудани парвандаро зикр шудани номи наздикони раисиҷумҳур ва мансабдорони воломақоми Тоҷикистон дар парванда арзёбӣ карда буданд.”
Баробари ин Қудратов таъкид мекунад, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон танҳо тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ метавонад, махфӣ гузарад, аммо ҳукм наметавонад муҳри махфӣ гирад.
Бинобар ин Қудратов таъкид мекунад, ки иддаои пешгузоштаи раиси Суди Олӣ ва Шавкат Абдулхайров дар мавриди қазияи Зайд Саидов аз доираи қонунгузорӣ берун буда, барои адолати судӣ дар кишвар як “доғ” мебошад. Вакилони дифои Зайд Саидов таъкид намуданд, ки аз болои нақзи ҳуқуқҳои зерҳимояашон ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят хоҳанд бурд.
Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар ҷараёни нишасти хабарии рӯзи 21 январ иддаои вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшударо, ки аз дастрас накардани матни ҳукми нафари таҳти ҳимояташон шикоят доранд, дурӯғ гуфт.
Абдуллоев гуфт, ҳукми пурраи Зайд Саидов ба вакилони мудофеаш пешниҳод шуда, аммо онҳо худашон аз гирифтани он худдорӣ кардаанд. “Бояд вакилони дифоъ баёнот менавиштанд, ки ҷузъиёти ҳукми додгоҳиро оммавӣ намекунанд, чун парванда вазнин буд”,-афзуд ӯ.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидовро 25 декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов, баҳори соли 2013, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт ва барои қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам дониста шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |