Раҳмон ба Маҳмадамин Бозичаевич мансаби нав дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми январ бо судури як фармон Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевичро намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъин кард.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд.
Маҳмадаминов Маҳмадамин то охири соли 2013 вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ дар симмати намояндаи Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Асловро иваз намуд, ки ахиран бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон вазири умури хориҷӣ таъин гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |