Нигаронии Эътилофи зидди шиканҷа аз марги Умедҷон Тоҷиев
Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз мақомоти кишвар тафтиши мунсифонаи марги Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломиро талаб кардааст. Тоҷиев, ки пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд ҷон додааст.
Дар изҳороти ин эътилоф, ки рӯзи 21 январ нашр гардид, аз ҷумла омадааст, “қазияи Тоҷиев сари вақт мавриди тафтишоти дақиқ қарор гирифта, муҷозоти шахсони дастандаркор кафолат дода шавад.” Инчунин таъкид шудааст, ки "хешовандони Умедҷон Тоҷиев ва тамоми ҷомеа оид ба ҷараён ва натиҷаи тафтишоти ӯ мунтазам воқиф карда шаванд."
Эътилофи мазкур аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки ин бори аввал нест, бар асари истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ҳолати маргу мир ба қайд гирифта мешавад. Ба қавли ин эътилоф, Сафаралӣ Сангов, Баҳромиддин Шодиев, Дилшодбек Муродов, Исмоил Бачаҷонов, Исмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов ва Ҳамзаалӣ Икромзода шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки бар асари шиканҷа дар боздоштгоҳҳои кишвар ба ҳалокат расидаанд.
Умедҷон Тоҷиев, ки ахиран намояндаи додситонии Исфара ӯро барои ҳамкорӣ бо Ҷунбиши исломии Узбакистон муттаҳам кард, 30 октябри 2013 аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда буд. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.
Аммо Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев, рӯзи 13 ноябри соли гузашта баъд аз дидор бо нафари таҳти ҳимояташ гуфта буд, Тоҷиев дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара маҷбур шудааст, худро аз ошёнаи севум ба зер партояд. “Тоҷиев дар тӯли чиҳил дақиқаи сӯҳбат, ки мо доштем, борҳо такрор кард, ки ӯро заданд. Тӯли чанд шабонарӯз дар Шӯъбаи умури дохилии Исфара истинтоқ намуданд. Аъзои бадани ӯро бо латтаи тар печонда, аз болояш нерӯи барқро пайваст кардаанд, то изи он дар баданаш намонад”,-таъкид карда буд вакили мудофеъ Юсуф Дониёров.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |