Додгоҳи олӣ дар соли 2013 касеро "сафед" накардааст
Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни баррасии 49 парвандаи ҷиноятӣ дар соли 2013 нисбат ба ягон айбдоршаванда ҳукми “сафед” набаровардааст.
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 21 январ, ҳангоми қироати иттилоияи ниҳоди зертобеяш гуфт, аз 49 парвандаи ҷиноятии баррасишуда дар Додгоҳи олӣ бо 46 парванда нисбат ба 80 нафар ҳукми айбдоркунӣ бароварда шудааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, аз шумораи умумии маҳкумшудагон ба 66 нафар ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ, аз ҷумла нисбати ду кас ҷазои ҳабси якумрӣ, нисбати чор нафар ҷазои ҷарима ва нисбати чор кас маҳдуд кардан аз хизмати ҳарбӣ татбиқ шуда, нисбати 6 нафар ҷазо шартан татбиқ нагардидааст.
Дар маҷмӯъ, ба иттилои ин ниҳод, дар марҳилаи аввал дар соли 2013, 137 парвандаи ҷиноятӣ, гражданӣ ва дархосту пешниҳодҳо баррасӣ карда шудаанд. Ба иттилои манбаъ, тайи соли 2013, 2 ҳазору 911 шикоятро дарёфт кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 233 адад ё худ 8 фоиз зиёд мебошад: “Аз ин миқдор 1159 шикоят ба парвандаҳои гражданӣ, 445 ба парвандаҳои оилавӣ, 1085 шикоят марбут ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва 60-тои онҳо вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |