Кумитаи дин озмуни роҳбаладони Ҳаҷро то 25.01 тамдид кард
Кумитаи дини Тоҷикистон озмуни қабули роҳбаладон барои мавсими “Ҳаҷ-2014”-ро то 25 январ тамдид кардааст. Дар ҳоле ки ин озмун 25 декабри соли гузашта оғоз ёфта, қарор буд, то 20 январ идома кунад.
Аммо Кумита тасмим гирифтааст, барои дарёфти роҳбаладони сазовор дар мавсими "Ҳаҷ- 2014" мӯҳлати озмунро барои 5 рӯзи дигар дароз кунад. Манбаъ мегӯяд, ҳар як довталаб аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин озмунро дорад, метавонад ҳуҷҷатҳои худро ба Кумитаи дин пешниҳод намояд: “Аммо довталабони вилоятҳои Хатлон ва Суғд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба мақомоти вилоятии худ пешниҳод намоянд”.
Тибқи иттилои Кумита, шартҳои асосии озмун - синну соли аз 25 то 60, донистани забони арабӣ, на камтар аз як бор зоири хонаи Худо будан ва донистани маносики Ҳаҷ будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |