Бахшҳо

Гулнора, билохира, бо падараш Ислом Каримов сӯҳбат кардааст

Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон, баъд аз талошҳои зиёд тавонистааст, бо падараш - Ислом Каримов мулоқот кунад. Гулнора тӯли чанд моҳи охир шикоят мекард, ки Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ӯро таҳти фишор қарор дода, намегузорад, бо падараш рӯбарӯ шавад.

Духтари раисиҷумҳури Узбакистон рӯзи 18 январ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки Ислом Каримов ӯро дар соли нави милодӣ ба ҳузур пазируфта, дар амалӣ гаштани нақшаҳои нави тарроҳияш орзуи муваффақият кард. Бар асоси иттилои торнамои Uznews.net, мулоқоти Каримова бо падараш рӯзи 2 январ баргузор шудааст. Ҳарчанд Каримова аз ҷузъиёти вохӯрӣ бо падараш парда намебардорад, вале қоил аст, ки ин мулоқоти дурударозе буд.

Гуфта мешавад, ин нахустин дидори хонум Каримова бо падараш баъд аз шикотяҳои тӯлонии ӯ ба шумор рафта, онро метавон зинаи аввали раҳоияш аз буҳроне ном бурд, ки тирамоҳи соли гузашта духтари 43-солаи Ислом Каримов аз он азият мекашид. Агарчӣ духтари раисиҷумҳури Узбакистон ин мулоқотро поёни буҳрони гирифторшудааш намедонаду мегӯяд, ҳанӯз ҳам бархе аз ёрони ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ба сар мебаранд. Вале коршиносон мегӯянд, ин ҳама шикоят ва маъракаҳои “ифшогарӣ”-и ӯ як драмаи хонаводагии Каримовҳо буд.

Гулнора Каримова мегӯяд, мақомоти амнияти миллии Узбакистон ба Ислом Каримов маълумот ва иттиҳомоти бардурӯғ алайҳи дӯстону кормандонаш ироа мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд аз мулоқоти Каримова бо падараш тақрибан ду ҳафта мегузарад, вале муносибати Кумитаи амнияти Узбакистон бо ӯ тағйир наёфта, ҳамоно дӯстонаш паси панҷара мебошанд.

Гулнора Каримова духтари калонии Ислом Каримов, президенти Узбакистон аст, ки ӯро дар чанд соли қабл вориси аслии курсии падар медонистанд. Аммо чанд вақти ахир дар мавриди сардӣ миёни ӯ ва падараш сару садоҳои зиёде ҳаст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст. Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифтанд. Хонум Каримова ин овозаҳоро таъйид ва ин иқдомро ташаббуси кумитаи амнияти миллии узбакистон номид. Ӯ бо нашри як навори видеоӣ дар саҳифаи Твиттераш кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистонро бо он муттаҳам карда буд, ки аъзои оилаашонро иҷозаи мулоқот бо падар намедиҳанд.

Дар шарҳи ин навор духтари президент навишта, ки ин кори мақомоти амният бо пуштибонии модараш – Татяна Акбаровна сурат мегирад. Ба қавли Гулнора онҳо ҳақиқатро аз падараш пинҳон мекунанд.
Мӯҳр
Сомон
Харчира ки гуфтед агане фикрда зада бдем ки и Гулнора чко мекунавуу

Дар ин расонаи хабари кадом мухаррарир кор мекунад, ки калимаи адабиро аз лахчави фарк карда наметавонад. Узбакистон ва узбак-галат аст, тарзи дурусти калимаи лугави ва адабии точики Узбекистон ва узбек (инчунин дигар калимахои лагчави)мешавад. Барои гирифтани маълумоти пурра метавонед ба Кумитаи забон ва истилохоти назди Хукумати Точикистон мурочиат кунед. Ин суханхо ба хамаи рузгоманигорон дахл дорад. Дар оянда тагйиротро аз Шумо интизорем.

Профессори сохаи илм ва забон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)