Раиси Тоҷикстандарт: Риояи шариатро дар корхонаҳо назорат мекунем
Бахтиёр Шукуров, директори агентии “Тоҷикстандарт” имрӯз, 20-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, то имрӯз 18 корхона барои истифода аз тамғаи “ҳалол” ба ин ниҳод дархост пешниҳод намуда, феълан 12 тояш аз ин тамға истифода мебаранд.
Бахтиёр Шукуров истифодаи тамғаи “ҳалол”- ро дар корхонаҳои кишвар мусбат арзёбӣ намуда, қайд кард, ки амалӣ намудани тамғаи мазкур дар асоси талаботи шариати исломӣ роҳандозӣ шудааст.
Азалшоҳ Воҳидов, масъули тамғаи “Ҳалол” дар агентии “Тоҷикистандарт” дар суҳбат ба “Озодагон” шарҳ дод, ки 60-70%-и талаботи тамғаи “ҳалол” тибқи шариати исломӣ пешбинӣ шудааст ва масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон зимни санҷиши ин тамға бо кормандони агентӣ дар ҳайати комиссия якҷо кор мебаранд: “ Маслан, аз забҳи ҷорво то охир комиссияи махсус ин масъаларо назорат ва мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ҳоло дархости 6 корхонаи дигар дар агентӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Аз 12 корхонае, ки аз тамғаи “ҳалол” истифода мебаранд, 6 тояш дар вилояти Суғд ва 6 тои дигар дар Душанбе ва навоҳии тобеи марказ мебошанд”.
Азалшоҳ Воҳидов илова намуд, ки соли гузашта зимни санҷишҳои тамғаи “ҳалол” ягон қойдавайронкунӣ аз ҷониби тоҷирон ба қайд гирифта нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |