Юсуф Қарзовӣ эълон кард, Ислому сиёсат гӯшту нохунанд

Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон, дини Ислом ва сиёсатро ду чизи ба ҳам омехтаву ҷудонашаванда хонда, иштироки рӯҳониён дар саҳнаи сиёсатро ҳаққи қонунии онҳо медонад.
Қарзовӣ дар ин бора дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамояш, ки “назари Шумо дар мавриди даст кашидани рӯҳониёни исломӣ аз сиёсат ба хотири табдил нашудан ба “баландгӯяк”-и ҳокимон чист?” ибрози назар кардааст. Ӯ гуфтааст, ин ки рӯҳониёни исломӣ табдил ба “баландгӯяк”-и ҳокимон нашаванд, аз худи эшон вобаста ва барои онҳо воҷиб аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки ба хотири ин чиз онҳо аз сиёсат даст кашанд: “Чун иштироки рӯҳониёни исломӣ дар саҳнаи сиёсат ҳаққи қонунии эшон аст.”
Раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон гуфтааст, иддаои ҷудо будани Ислом аз сиёсат таҳқир дар ҳаққи ин дин мебошад: “Шояд ин иддао ба буддоию насронӣ рост ояд. Аммо ба Ислом ҳаргиз на!” Вай таъкид кардааст, рӯҳониёни исломӣ метавонанд, дар сафи аҳзоби сиёсии хусусияти динидошта шомил ва дар рафти ободии ҷомеаи ҳаммаслакону ҳамдинони худ саҳмгузор бошанд.
Ба гуфтаи Юсуф Қарзовӣ, дар дини Ислом истилоҳ ё унвоне ба номи ходимони дин, ки дар дигар адён, аз ҷумла насронӣ ҳасту иштироки онҳо дар умури сиёсӣ манъ аст, вуҷуд надорад: “Ин қишрро дар Ислом донишмандони улуми исломӣ ном мегиранд, ки ҳама ҳақ дорад, дар пайи омӯзиш онро соҳиб шавад ва омӯзиши шариат ва фиқҳи исломӣ ҳаргиз боиси маҳрумияти онҳо аз сиёсат нахоҳад шуд.” Ӯ афзудааст, “Ислом як дине мебошад, ки дар тамоми он чи ки ба зиндагии инсон таъсиргузор аст, аз ҷумла сиёсати маориф ва илм, сиёсати матбуот, сиёсати қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ, сиёсати молӣ, сиёсати сулҳ ва сиёсати ҷанг дастурот ва мақаррароти худро дорад”.
Масъалаи ҷудо будани дин аз сиёсат дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ба яке аз масоили баҳсбарангез табдил ёфтааст. Ин аст, ки соли гузашта бархе аз рӯҳониёни тоҷик дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карданд, вожаи ислом аз номи Ҳизби наҳзати исломӣ бардошта шавад. Зеро, ба бовари онҳо, дини Ислом ба ҳизб ниёз надошту надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |