Боздошти нозири барқ барои аз худ кардани маблағи муштариён
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқ хабар дод, ки ҳаққи барқро аз муштариён ҷамъ карда, ҳамаашро ба хазина насупоридааст.
Ба итилои манбаъ дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Хоҷаев Камолхуҷа, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони ғайриқонунӣ аз худ кардани маблағ дастгир намуданд: “Номбурда, ҳангоми фаъолият аш ба ҳайси назоратчии барқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 10-уми феврал то 31 октябри соли 2012 дар минтақаи вобасташудааш аз 620 нафар муштариён ба миқдори 49 ҳазору 101-сомонӣ ҳаққи барқро ҷамъ намуда, аз ин миқдор 44 ҳазору 883-сомониро ба хазинаи шӯъбаи фурӯши барқи ноҳия супорида, боқимонда 4 ҳазору 218-сомониашро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |