Ислом дар Олмон дини расмӣ мешавад
Мақомоти як қатор минтақаҳои ҷумҳурии федеролии Олмон тасмим гирифтаанд, ки ба Ислом мақоми “дини расмӣ”-ро дода, онро дар баробари масеҳият ва яҳудият қарор бидиҳанд. Дар ин бора торнамои “Исламнюс” хабар додааст.
Мақоми расмӣ ҳаққи ҷомеаҳои мазҳабиро бештар мекунад. Аз ҷумла, тибқи русуми мусалмонон дафн кардан имконпазир гардида, идҳои анъанавӣ қонунӣ мегарданд ва ҳамчунин имкони таълими асосҳои ин дин мумкин мешавад.
“Нахустин шуда, дар минтақаи федеролии Бремен мақоми расмии Исломро пазируфтаанд. Дар ҳоли ҳозир мақомоти Саксонии Поён ҳам чунин тасмим доранд. Бо мавқеи онҳо мақомоти се минтақаи дигар низ мувофиқанд”,-навиштааст манбаъ.
Абдулазиз Қубодоӣ, дабири масҷиди шаҳри Бремен гуфтааст, мақоми расмӣ имкон медиҳад, муносибот миёни созмонҳои мухталифи мазҳабӣ ба танзим дароварда шавад. Ба гуфтаи номбурда, пешвоёни ҷомеаҳои мусалмониро мебояд барои беҳтар намудани имиҷи Ислом дар Олмон талоши бештар намоянд: “Бояд нигоҳи шаҳрвандон нисбат ба мо дигар шавад. Қувваи нерӯманд барои ин кор метавонад ВАО бошад, аммо ҳоло мавқеи онҳо таврест, ки одамон бештар паҳлуҳои манфиро нисбат ба мо мебинанд. Ин кори моро душвортар месозад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |