Асадулло Раҳмонов пеши президент рафтааст. Нишасти хабарӣ бо Сиддиқов
Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳарчанд мехостааст дар нишасти матбуотии 20 январ худ ба суоли хабарнигорон посух гӯяд, вале бо як даъвати президент нишастро тарк гуфтааст. Дар ин бора Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали оқои Раҳмонов, хабар дода ва нишасти матбуотиро шурӯъ намуд.
Вай дар лаҳзаҳои аввали ин нишаст дар бораи мушкили таъсиси телевизиони форсизабон миёни Тоҷикистону Эрону Афғонистон сӯҳбат карда, гуфт, дар ин масъала бештар Кобулу Теҳрон забон наёфтаанд. Тарҳи таъсиси ин телевизион ҳанӯз ҳашт соли пеш аз тарафи Маҳмуди Аҳмадинажод, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай дар миён гузошта шуда, бо вуҷуди баъзе талошҳо, амалӣ нагардид.
Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дар ин нишасти матбуотӣ гузоришҳо дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро, ки яктарафа арзёбӣ мешаванд, шарҳ дод. Сиддиқов гуфт, “ягон кас ба мо дар мавриди таҳияи маъракаи иттилоотӣ алайҳи ҲНИТ супориш надодааст”. “Ҳар чизе, ки мақомот пешниҳод кард, мо намоиш додем. Хабарнигорони мо дар минтақаҳо назари мардумро дар бораи ҲНИТ гирифтанд, ки пахш намудем. Мо аз инъикоси нуқтаи назари мардум чашм пӯшида наметавонем. Назари намояндагони ҲНИТ-ро низ намоиш додем”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки тайи соли 2013 шабакаҳои давлатии Тоҷикистон баробари барномаҳо дар бораи ҲНИТ дар мавриди Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” низ гузоришҳо пахш намуд, ки аз ҷониби таҳлилгарон ва вакилони мудофеъ яктарафа арзёбӣ шуданд. Дар робита ба гузоришҳо дар бораи Зайд Саидов, Саидалӣ Сиддиқов таъкид намуд, “ҳамаи наворҳо ва гузоришҳо дар бораи Зайд аз ҷониби Додситонии кул ва мақомоти дигари тафтишотӣ таҳия шудаанд ва мо бе ягон тағйиру илова пахш намудем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |