Бозхонӣ шудани таронаи Далер Назаров аз сӯи Королев
Дар Интернет навори бозхонӣ шудани як таронаи маъруфи Далер Назаров аз сӯи як укроинӣ ором ором теъдоди бинандаҳояшро бештар мекунад.
Владимир Королев қабл аз иҷрои тарона чанд ҷумла бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунад: "Ассалому алайкум дӯстони азиз. Ман Владимир Королев аз Мариупол, Украина. Мо аз Тоҷикистон, аз Душанбе. Имрӯз ба Шумо ман таронаи "Чак-чаки борон"-и Далер Назаровро месароям".
Баъдан, бо русӣ мегӯяд, ки "забони тоҷикӣ аз қадимтарин забонҳоест, ки Умари Хайём бо он назм офаридааст".
Ба гуфтаи Королев мусиқии Далер Назаровро на бо ҳадафи тиҷорӣ истифода кардааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки таронаи “Чак-чаки борон”-и Далер Назаров ба Ҷурабек Ҷураев, кӯдаки 6-солаи узбак ҳам шуҳрати зиёд овард. Баъди пайдо шудани навори бозхонӣ кардани таронаи мазкур дар интернет Ҷурабекро ба барномаи солинавии “Сегодня вечером с Андреем Малаховым”-и шабакаи аввали Русия даъват карданд.
Навори видеоии Ҷурабек Ҷураев моҳи июни соли 2013 дар интернет пайдо шуда, дар Тоҷикистон низ тамошобини зиёд пайдо кард.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |