Бахшҳо

Хатари бозгашти Муборак ба қудрат

Пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури ,узидаи мардуми Миср ва рӯи кор омадани низомиён, таҳаррукоте дар ҷарён аст, то чеҳраи ҷадиде аз ҳокимони низомиро дар ин кишвар боз тавлид кунанд. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Абулаз Ҳарирӣ, номзади давраи интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурии Миср аз зуҳури исёни дубораи режими собиқ,ҳушдор додааст.

Қарор аст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср тобистони соли 2014 баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол, Амр Мусо, раиси Кумитаи панҷоҳнафарии таҳиягари қонуни асосӣ ва аз чеҳраҳои саршиноси низоми собиқи Миср, аз ҷумлаи касоне аст, ки аз номзадии Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳимоят карда аст. Аз сӯи дигар, Аҳмад Шафиқ, номзади собиқи раёсати ҷумҳурӣ ва сарвазири Ҳусни Муборак, раисиҷумҳури барканоршудаи Миср низ эълон карда аст, дар сурате, агар генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ эълони номзадӣ накунанд, худаш барои раёсати ҷумҳурӣ дубора номзад хоҳад шуд.

Дар муқобили ин таҳаррукот, Сисӣ низ талош дорад, худро чеҳраи милигаро муарифӣ кунад ва тасвираш дар канори Ҷамол Абдуносир, дар дасти тарафдоронаш даст ба даст мешавад, ки ҳамаи ин таҳарукот бо ҳадафи фароҳам шудани заминаҳои лозим барои номзадии ӯ сурат мегирад. Албатта Сисӣ талош мекунад, то нишон диҳад, ки тамойюле барои ба даст гирифтани қудрат надорад ва онро як хостаи мардумӣ муарифӣ кунад ва ин тавр вонамуд кунад, ки ин мардум хостори рӯи кор омадани вай ҳастанд. Суханони ахири Сисӣ далеле бар ин мудаост. Рӯзномаи Ал-аҳром ба нақл аз ӯ навиштааст: “Агар ман худро номзад кунам, пас бояд дар пайи он дархости мардумӣ ва иҷозаи артиш бошад.”

Як мақоми мисрӣ низ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, “генерал Сисӣ эҳсос мекунад, ки наметавонад дар сурати хоҳиши ошкорои мардум аз ӯ барои номзадӣ, канор бинишинад.

Дар миёни чеҳраҳои барҷастаи мисрӣ низ касе то кунун барои соҳиб шудан ба ин мақом эълони омодагӣ накарда аст ва ба назар мерасад, шахсияте дар Миср нест, то ин таваккули бузургро ба ҷон бихарад ва худро вориди майдони рақобатҳои сиёсии ин кишвар кунад. Гуфта мешавад, гӯиё ҳоло ҳама чиз ба нафъи генерал Сисиест, ки бо як фармони худ раисиҷумҳури мунтахаби Мисрро аз мақомаш барканор ва “дохил”-и маҳбас кардааст.

Эҷоди фазои амниятии шадид дар кишвар ва саркуби мухолифон ва террорист эълон кардани гуруҳи “Бародарони мусулмон”, бузургтарин ҳаракати исломии суннӣ, ки ба таври мусолиматомез эътирозоти худро баён мекунанд, ҳамчунин зиндонӣ кардан ва муҳокимаи онҳо ва судури ҳукмҳои сангин дар ҳақашон, ҳамагӣ баёнгари иҷрои ин барнома аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)