Фармони №116. Эмомалӣ Раҳмон дигар мушовир надорад

Рӯзи 18 январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон чанде аз бахшҳои Дастгоҳи иҷроияи президентро барҳам дода ва чанд раёсати нав таъсис додааст.
Дар фармон омадааст, ки ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар гардад. Ҳамчунин, бахши мушовирони давлатии президент ба бахши ёрдамчиёни раисиҷумҳур табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони президенти Тоҷикистон, ёрдамчиёни президент ва сарвазири Тоҷикистон, ки дар котиботи президент ва котиботи сарвазир фаъолият менамоянд, барҳам дода мешаванд.
Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаҳои нав вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ вогузор мешавад. Ҳамчунин, дар фармони Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот, Раёсати молия, Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал, Раёсати рушди иҷтимоӣ, Раёсати илму маърифат, Раёсати рушди инфрасохтор, Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, Раёсати робитаҳои хориҷӣ, Раёсати коргузорӣ ва назорат, Раёсати дифоъ ва тартиботи ҳуқуқӣ хабар дода мешавад.
“Ҷиҳати мукаммал сохтани вазифаҳо оид ба баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, мукофотонӣ, бахшиши ҷазо ва мониторинги дурустии иҷрои муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад”,-омадааст дар фармон. Таъсиси бахши кадрҳо, Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо ҳуқуқи Раёсат низ аз корҳое дар самти таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи президентанд.
Дар робита ба ин, шӯъба ва сохторҳои зерин барҳам дода мешаванд:
- Шӯъбаи ҳуқуқ
- Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳо
- Шӯъбаи молия
- Шӯъбаи ташкилӣ
- Шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
- Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оила
- Шӯъбаи илм ва маориф
- Шӯъбаи фарҳанг
- Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризм
- Шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ
- Шӯъбаи саноат ва энергетика
- Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсия
- Шӯъбаи сохтмон ва меъморӣ
- Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин
- Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодда
- Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷӣ
- Шӯъбаи умумӣ
- Шӯъбаи назорат
- Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
- Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон
- Шӯъбаи кадрҳо
- Маркази иттилоотию техникӣ
- Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ.
Сохтори нави Дастгоҳи иҷроияи президент
Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати ҳуқуқ
Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот
Раёсати молия
Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал
Раёсати рушди иҷтимоӣ
Раёсати илму маърифат
Раёсати рушди инфрасохтор
Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист
Раёсати робитаҳои хориҷӣ
Раёсати коргузорӣ ва назорат
Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон
Шӯъбаи тарҷума
Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Бахши кадрҳо
Бахши корҳои махсус
Ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Идораи хоҷагӣ
Корхонаю муассисаҳои назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |