Вазифаи нави Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар Вазорати дифоъ
Зариф Бобокалонов, сардори Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, рӯзи 18 январ муовини аввали вазири дифои кишвар таъин шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, оқои Бобокалонов дорои ду тахассуси олии низомӣ буда, яке аз кадрҳои ҷавони соҳа ба ҳисоб меравад ва дар ин мақом Рамил Нодировро иваз кардааст.
Саидамир Розиқов ва Абдуҳалим Назаров, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ аз онҳо кадрҳои соҳибтахассус, ботаҷриба ва кордону корозмуда ном бурдааст, муовинони вазири дифои Тоҷикистон таъин гардидаанд. Абдуҳалим Назаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, аз фармондеҳони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик ё ИНОТ аст, ки то ин дам сардори Раёсати хадамоти қушун ва бехатарии Вазорати дифои Тоҷикистон буд.
Миралӣ Раҳматов, ки дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ мебошад, фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали нерӯҳои мусаллаҳи кишвар шудааст. Зариф Ҳакимов ва Собирхон Назаралиев дар мувофиқа бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон - яке Раёсати ҳамкории ҳарбӣ-байналхалқӣ ва дувумӣ Раёсати молия ва буҷаи Вазорати дифоъро ба ӯҳда гирифтаанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбеи 18 январин афродро ба ҳузур пазируфта, “онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, пурзӯр намудани қудрати дифоии Тоҷикистон, ҳифзи бошарафи марзу буми кишвар, омодасозӣ ва ҷобагузории дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор” давъат намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |