Илолов рӯ ба рӯ бо хабарнигорон: “Ҳеч хатое накардам, ки...” (ВИДЕО)
Мамадшо Илолов, президенти собиқи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, рӯзи 17 январ дар нишасти хабарии ин ниҳод дар Душанбе овозаҳо дар бораи тақсими гӯиё беадолатонаи манзил ба кормандонашро бепоя хонд.
Аслан дар ин бора хабарнигори “Озодагон” мавқеи Фарҳод Раҳимов, президенти тозатаъини Академияи илмҳоро пурсид, вале оқои Раҳимов гуфт, “ҳоло санҷиш идома дорад ва ман чизе гуфта наметавонам. Ҳамин ки санҷиш тамом шуд, ҳатман расонаҳоро дар ҷараён хоҳем гузошт.”
Худи Мамадшо Илолов, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфт, то ҳол намедонад, дар кораш чӣ хатоие карда, ки чунин сару садоҳо атрофи ӯ баромадаанд. Оқои Илолов қайд намуд, ҳанӯз соли 2006 ҳукумати кишвар биноеро дар ихтиёри Академия гузошта буд ва аз манзилҳои ҳамин бино дар доираи қонун ба кормандони муассисаи таҳти роҳбарияш манзил додааст. “Манзилҳоро бояд ба кормандони ҷавони Академия медодем, лекин нафароне ҳастанд, ки дар сафи ҷавонон нестанд ва давоми 30 сол кор кардаанду ҳоло бо зану кӯдакҳояшон бехонаанд. Намешавад, чунин инсонҳоеро, ки тӯли солҳои зиёд кор кардаадну бехонаанд, сарфи назар карду ба ҷавоне, ки нав 6 сол шуд кор мекунад, хона диҳанд",-афзуд ӯ.
Президенти собиқи Академияи илмҳо илова кард, "дар соли 2011 барои сохтмону навсозии биное, ки дар ихтиёри Академия гузошта шуда буд, дигар аз ҳисоби буҷаи давлат маблағ чудо нашуд ва мо маҷбур шудем, ки бо кормандон машварат карда дар шакли корпоративӣ биноро сохтем. Кормандон пул ҳам ҷамъ карда буданд барои сохтмони манзилҳо ва ба 86 корманд манзил дода шуд. Ҳоло намефаҳмам, ки дар ин ҷо чи вазниние шудааст. Дар мавриди тақсими манзилҳо, ҳам комиссияи якҷояи Академия ва Иттифоқи касаба кор кардааст ва ин ҷо ягон хатоии ҷиддиеро намебинад.”
Хабари тақсими нодурусти манзил ва тафтиши Оҷонсии зидди фасоди молӣ охирҳои моҳи декабри соли гузашта, пас аз он расонаӣ шуд, ки Мамадшо Илолов, Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева ва Мӯсо Диноршоев ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, нома фиристода, хостори ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов - соҳибкор ва вазири пешини саноат шуданд. Муаллифони ин нома ба раисиҷумҳур гуфта буданд, бовар доранд, ҷуз дахолати мустақими ӯ ба қазияи Зайд Саидов илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест.
Мамадшо Илолов ҳашт соли охир раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва дар оғози моҳи декабри соли 2013 бо фармони раисиҷумҳур ҷояшро ба Фарҳод Раҳимов -- собиқ муовини аввали вазири маориф дод. Оқои Илолов дар гузашта вазири меҳнат низ буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |