Эътирофи президент: Дар бозии чавгон аз озариҳо дер мондем
Фарҳод Раҳимов, президенти нави Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи 17 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе эътироф кард, ки тоҷикон дар масъалаи номнависи бозии чавгон дар ЮНЕСКО аз озариҳо ақиб мондем.
Ӯ гуфт, “аллакай озариҳо бозии чавгонро ҳамчун мероси ин халқ ба ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд ва мо бояд эътироф кунем, ки дар ин масъала дер мондем.” Раҳимов дар умум таъкид кард, алайҳи ҳар нафар ё гуруҳе, ки талош мекунанд таърихи халқи тоҷикро таҳриф кунанд, мубориза хоҳанд бурд.
Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта гурӯҳе аз донишмандони тоҷик бо ирсоли як нома ба созмони ЮНЕСКО пешниҳод карда, иддао намуданд, бозии «чавгон», ки дар феҳристи созмони мазкур ба номи Озарбойҷон сабт шудааст, мероси муштараки тоҷикону озариҳо дониста шавад. Дар вокуниш ба ин иддао расонаҳои Озарбойҷон аз қавли масъулини вазорати фарҳанги ин кишвар овардаанд, ки чавгон бозии суннатӣ бо асп дар Қарабоғ мебошад, ки дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО ба пешниҳоди Боку шомил шудааст ва иддаои донишмандони тоҷик беасос аст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |