Бахшҳо
17 янв 2014 12:41Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Дасти кӯтоҳи додари домоди президент барои ёрӣ ба “Равшан”

Зайнулло Соҳибов, раҳбари тозатаъини корхонаи “Сементи тоҷик”, ки президенти клуби футболи “Равшан”-и Кӯлоб аст, гуфта, ки дар ҳоли ҳозир наметавонад барои ин тим дасти ёрӣ дароз кунад. Маъруф Рустамов, сармураббии “Равшан” рӯзи 17 янвра дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, оқои Соҳибов дар сӯҳбат бо онҳо изҳор доштааст, ҳоло нав ба “Сементи тоҷик” омадаву дар ин ҷо низ камбуду мушкилҳо зиёданд.

“Зайнулло Соҳибов гуфт, ки ҳатман барои “Равшан” кумаки худро хоҳад расонд, вале на ҳоли ҳозир”,-афзуд Рустамов. Дар ҳамин ҳол, Дилшод Шарифов, менеҷери дастаи “Равшан” мегӯяд, онҳо бо Зайнулло Соҳибов дар “Сементи тоҷик” дидор ва дар бораи мушкили дастаашон сӯҳбат кардаанд. Вай афзуд, “айни ҳол дар сарпарастони мо низ мушкилии молӣ дида мешавад. Ман бо президенти клуб вохӯрӣ доштам. Зайнулло Соҳибов бо вазъи кори “Сементи тоҷик” моро шинос кард. Айни ҳол корхона мушкилиҳои фанниву молии зиёд дорад. Аз ин сабаб, ҳоло Соҳибов шароити ба пуррагӣ дастгирӣ кардани дастаро надорад.”

Оқои Шарифов дар идома гуфт, чанд бор ба тоҷирон ва ширкатҳои бузург, ки роҳбаронашон зодаи Хатлонанд, низ муроҷиат кардаанд. “Тақрибан 50 мактуб барои дастгирии дастаи “Равшан” ирсол намудем. Ба мактуби мо танҳо ширкати “Вавилон-Moбайл” ҷавоб гардонд, ки шароити молияш хуб нест ва дархости моро қонеъ карда наметавонад. 47 мактуби мо беҷавоб монд. Аз соҳибкорони маъруфи Кӯлоб, танҳо ҷаноби Наврӯз 20 000 сомонӣ ва Аваз Карибов 10 000 сомонӣ кумак карданд”,-афзуд ӯ.

Менеҷери дастаи “Равшан” гуфт, ҳоло онҳо намехоҳанд номи ашхос ва ширкатҳоеро, ки барои кумак муроҷиат кардаанд, ошкор намоянд: “Ҳар кадоме аз онҳо қудрати сарпарастии дастаҳои футболро доранд, аммо вақте кумаки молӣ хостем, ҷавоби рад доданд”,-гуфт ӯ.

Масъулони тими “Равшан”, қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 16 январ эълон карданд, ки ба хотири мушкили молӣ доштани даста эҳтимоли лағви вохӯрии он бо “ал-Ярмук”-и Яман барои ҷоми АФК-2014 вуҷуд дорад. Ин дидор дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014, қарор аст, 2 феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шавад. Аммо Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 17 январ тайи як нишасти хабарӣ гуфт, ба ҳар қимате набошад, дастаи “Равшан” бо “ал-Ярмук”-и Яман вориди сабқат хоҳад шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
А ХОЛО КИСАХОИ ХУД ПУРНАШУДААСТ БАРОИ УРА!

Мухлис
Агар хамин даста бе сарпараст монаду аз бози бо "ал-Ярмук" даст кашад, бовар кунед чахон ба холи ин давлати "демокративу дуняви ва ягонаи мустаъкил" хохад хандид. Номусу гурури миллиатон кучо шуд, мансабдорони сохиби касру кушкхо ва мошинхои 100 000 доллара??????????

шер
Чахон бист сол аст ки ба холи мо хандида истодааст бародар холо хам дарак надори?

Чаноби Неъматов, Рахмат ба Падару Модаратон!!! Худатон як илоч кунед, ки бовар кунед дар арсаи байналмилали шарманда мешавем. Наход РАВШАН - кахрамони футболи Точикистон имконияти дар мусобикахои байналмилали иштирок намуданро пайдо карда натавонад?

Парвиз
100 сол гузарад буи гадои наравад эхх сартарошонемеее

saud
khele kori khub bajoi sarpatsti ravshan yatimu mardumi nodora kumak kun savoba megiri sohibov ai pushti hami futbolton faqat jangu dushmani doren bas hami ahmaqi kor kuned fikri yagon tijorat kned zavodu fabrika durust kuned

Охир, чизе коштем, хамона дарав мекунем. Бо ин сиёсати андозе, ки Хукумат бурда истодааст, корхонаву сохибкорон "пачак" шудагиян. Плани андоз 105% ичро шудай, вале касе дар фикри он нест, ки бо чи роху усулхо. Кодекси андоз мурге, ки тухми тиллои мекунад, аз беху бунаш кушта истодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)