Барканории Абдулҳақ Оев ва Санавбар Раҳимова, муовинони Убайдуллоев
Абдулҳақ Оев, муовини Маҳмадсаид Убайдуллоев -- шаҳрдори Душанбе дар умури роҳ аз мақомаш барканор шудааст. Оқои Оев дар соли гузашта борҳо аз тарафи раиси шаҳри Душанбе огоҳӣ гирифта буд, ки дар сурати ҳал накардани мушкили роҳу нақлиёти пойтахт аз кор ронда хоҳад шуд. Вале худи Абдулҳақ Оев мегӯяд, ба далели аз ҳад зиёд будани кораш чор бор аризаи худро навишта буд.
Бино ба хабарҳое, ки дастраси "Озодагон" шуд, ҳоло Низом Ҳакимов, вазири собиқи нақлиёт, ба ҷои Абдулҳақ Оев таъин шудааст. Ҳакимов тайи бештар аз 2 сол дар мақоми вазири нақлиёт фаъолият дошт.
Ӯ 4 октябри соли 1962 дар ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба дунё омада, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо тахассуси иқтисодчӣ (баҳисобгирии бухгалтерӣ) ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ (роҳҳои автомобилгард ва бандарҳои ҳавоӣ) хатм кардааст. Оқои Ҳакимов тӯли солҳои 2001-2011 директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо буд.
Бар пояи иттилои манобеи "Озодагон", Санавбар Раҳимова, муовини дигари шаҳрдори Душанбе, низ аз мақомаш барканор шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |