Бахшҳо
17 янв 2014 10:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тақдири норавшани тоҷики 23-сола дар Иёлоти Муттаҳида

Тақдири Ашӯрмаҳмад Миралиев, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон, дар Амрико норавшан боқӣ мондааст. Ин ҷавони 23-солаи тоҷик дар робита ба қазияи паноҳандаи чечен Иброҳим Тодашев ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дар иёлати Флоридаи Амрико боздошт шуда буд. Тодашев дӯсти Темирлан Тсарнаев (чечен), муттаҳам ба бомбгузории моҳи апрели 2013 дар шаҳри Бостони Амрико мебошад, ки зимни бозпурсӣ дар бораи ин қазия аз тарафи кормандони FBI ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико кушта шуда буд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида аз додани иттилоъ дар бораи Миралиев худдорӣ мекунад. Хабаргузории “Озодагон” тӯли даҳ рӯз ба намояндагии кишвар дар Амрико муроҷиат карда, вале то ҳол посух дарёфт накардааст. Сукути сафорати Тоҷикистон дар Амрико дар ҳолест, ки ба ҷуз аз хабари боздошти ин ҷавони 23-солаи тоҷик, дигар дар бораи вазъу ҳол ва гунаҳкорӣ ё бегуноҳии ӯ иттилои дигаре нест.

Дар лаҳзаҳои аввали боздошти Миралиев, хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс” ба нақл аз мақомоти пулиси иёлати Флорида навишта буд, ҳангоми боздошташ бо ӯ як духтари 19-сола, ки аз ӯ Татяна Груздева ном гирифта мешавад, низ будааст. Пулиси Амрико мегӯяд, ин духтар яке аз дӯстдухтарон ва ҳамхонаҳои Тодашев мебошад, ки баъд аз марги ӯ бо Миралиев дар хонаи паноҳандаи чечен ба сар мебурдаанд.

Дар бомбгузории рӯзи 15 апрели соли гузашта дар шаҳри Бостон ҳангоми дави марафонӣ, 3 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Мақомоти амниятии Амрико дар ин ҳодиса ду бародари чечен – Темирлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳоро айбдор карданд. Темирлан дар ҷараёни амалиёти боздошти пулис ба ҳалокат расид.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хама бегунох!! пул гунох дорад

Saforati Tojikiston dar Amriko az dastash yagon kor nameoyad yakbor ba in saforat omada korkunonashro bined!
haftai guzashta yak javoni tojikro murdaashro az New York hamsifonash firistodand. Ya'ne mutaxasise nadorad ki az payi in koro shavad

Ozod
Ozodagon mebakhshi 1 marotiba Saforati TJK dar Amricora biyo holashro bin hatto ba'zei onho ba zaboni english harf zada nametavonand!!!!!!!

Рустам
Бачаи хуб метоваву неки худша хайф кардаст. Охи бо террор ба чое намерасй...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)