Маликшо Неъматов: "Сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба талабот ҷавобгӯ нест" (ВИДЕО)
Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки дар нишасти хабарии 17 январ дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, соли гузашта 320 ҳазору 12 шаҳрванди хориҷӣ аз кишвар боздид кардаанд.
Ба қавли Неъматов, аз ин ҳисоб 207 ҳазору 911 нафари онҳо ба ҳайси сайёҳ (турист) сабт шудаанд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъкид кард, “ҷаҳонгардӣ аз ҷумлаи соҳаҳои фоидаовар мебошад, ки агар ҳар сайёҳ ба ҳисоби миёна ҳудуди 1000 долларро дар кишвар харҷ кунад, ин барои иқтисодиёт фоидаи калон меорад.”
Маликшоҳ Неъматов эътироф кард, бахши сайёҳӣ (туризм) дар кишвар ҳанӯз ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест, вале корҳо дар роҳи беҳбудии соҳа идома доранд: “Феълан 7 донишгоҳи Тоҷикистон мутахассиси соҳаи сайёҳиро омода мекунанд, ки дар оянда ба рушди соҳа мусоидат хоҳанд кард.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |