Хадамоти марзбонӣ: Теъдоди нерӯҳо дар марз дақиқ ва баъдан кам мешавад
Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо пахши як иттилоия гуфт, баъди созиши 15-уми январ миёни масъулини воломақоми тоҷику қирғиз, феълан вазъ дар марз ором буда, комиссияи муштарак имрӯз, 17-уми январ низ кори худро идома хоҳад дод.
Ба иттилои манбаъ мақомоти марзбонию умури дохилӣ якҷоя бо мақомоти маҳаллӣ миёни сокинони наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронда истодаанд: “Ҳайати комиссия вазъи воқеӣ дар марзро баҳо дода, роҳҳои ҷилавгирӣ аз такрори онро ҷустуҷӯ дорад.”
Хадамоти марзбонии қирғиз мегӯяд, ҳайати комиссия теъдоди нерӯҳои мусаллаҳ аз ду ҷониби марзро дақиқ карда, ҷадвали кам кардани ин нерӯҳоро ба ҳар ду тараф пешниҳод мекунад ва дар ниҳоят ба ҳифзи сарҳад ҳайати муқаррарии марзбонон машғул хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки 15-уми январ зимни гуфтушуниди Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амният, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори сарраёсати марзбонӣ ва Ҳикматулло Пираков, раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд бо Мамиркулов Алик, роҳбари шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҷамъиятии Қирғизистон, Мамбаталиев Искандар, роҳбари ситоди асосии хадамоти давлатии сарҳадӣ ва Қувватбек Женебоев, сардори раёсати минтақавии сарҳадӣ дар вилояти Бодканд созиш шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳро аз ҳар ду ҷониб дар навоҳии наздимарзӣ кам хоҳанд кард.
Ин гуфтушунид дар пайи тарпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт, ки мояи муттаҳамсозии тарафайн гардид. Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |