Бахшҳо

“Равшан” дар гирдоби мушкили молӣ ва эҳтимоли лағви бозиаш бо “ал-Ярмук”

Тими “Равшан”, қаҳрамонаи дукаратаи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири мушкили молӣ доштанаш эҳтимоли лағви вохӯрии он бо дастаи машҳури “ал-Ярмук”-и Яман барои ҷоми АФК-2014 вуҷуд дорад.

Дар ҳоле ки то вохӯрии дастаи қаҳрамони дукарати Тоҷикистон бо тими “ал-Ярмук” танҳо 17 рӯз боқӣ мондааст, Дилшод Шарифов, менеҷери даста, мегӯяд, бозигарони тимаш ҳанӯз тамринро шуруъ накардаанд. Чун ба гуфтаи ӯ, ба ин ҳама мушкили молии онҳо монеъ шудааст.

Менеҷери дастаи “Равшан” иброз дошт, ки дар сурати пайдо нашудани сармоя, “ин тим на танҳо аз вохӯрӣ бо дастаи “ал-Ярмук” худдорӣ мекунад, балки дар бозиҳои мусобиқоти Тоҷикистон-2014 низ иштирок нахоҳад кард.” “Ҳоло маоши бозигарон аз соли гузашта пардохт нашудааст. Мо тасмим доштем, аз рӯзи 10 январ тамринро барои вохӯрӣ бо тими яманӣ шуруъ кунем. Вале ба хотири набудани маблағ худдорӣ кардем. Мо ҳатто наметавонем, барои легионерҳои худ аз Гана, чиптаи ҳавопаймо харем, то ба Тоҷикистон оянд”,-таъкид кардааст ӯ.

Дидори “Равшан” ва дастаи “Ал-Ярмук” дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014, қарор аст, 2 феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шавад.
Мӯҳр
Мухлиси дилшикаста
Эхеее ёбу гир.... Чемпиони кишвар, ки чунин хол дошта бошад, вой бар холи худи кишвар. ФФТ ба ин шармандагй чи мегуфта бошад, ё хурсанди мекунанд, ки бе иштироки Равшану Регар ТадАз (вайхо низ мушкилии чиддй доранд) Истиклолро чемпион кардан мегиран....Хайф ки хайф...хайфи ин кадар мухлисони Равшани Кулоб, ки назираш дар Точикистон набуд....

Мухлиси ашадди
президенти ФФТ магар шарм намедошта бошад? Охир ин тим аз номи Точикистон баромад мекунад, мефахмед? Мачбур мешавем хама мухлисон дастачамъона ба президент нома нависем, то "Равшан"-ро худ маблаггузори намояд. Наход аз хамин кадар вазирону раисони миллионер, 1 нафар чавонмард пайдо нашавад, ки "Равшан"-ро дастгири намояд а? Бег Зухуров агар ин тимро сарпарасти кунед, мардуми Кулоб ва дар мачмуъ мухлисони футболи кишвар аз Шумо миннатдор мешуданд. Илтимос чемпиони 2 каратаи мамлакатро дар миёнарох напартоед. Бо омадани "Равшан" ба майдони ракобат, каме хам бошад футболи точик шавковар шуд, вагарна хама аз хамун пайихам чемпионшавии "Истиклол" бо тагабози дилсард шуда буданд.

кулоби
Дастаи Равшани Кулоб ин тими тамоми Точикистон аст, ин обуруи мамлакат аст. Хукумату давлат чи хап карда гаштестен. Хеч набошад маоши имом хатибонро ба ин даста гузаронед аз онхо хеч фоидае барои мардум нест. Ба тими Кулоб бахели накунед ки агар лозим шавад бе маблаг хам чемпиони мамлакат дар соли 2014 мешавад. Равшани Кулоб ба пеш.!

Мухлис
ВОЙ БА ХОЛИ ЧУНИН ДАВЛАТ НАХОД ЧЕМПИОНИ ДАВЛАТ ПУЛИ ЧИПТАИ ДУ ФУТБОЛБОЗРО НАДОШТА БОШАД .АГАР АЗИН ХОЛ ДИГАР КИШВАРХО ФАХМАНД ХАМА БА ХОЛИ ИН КАМАНДАВУ ИН ДАВЛАТ МЕХАНДАД .

беном
охир равшан аз минтакаи чанобон аст ку боз чи шуд

Яъкуб.
Ман чунин фикр дорам ин мушкилоти молии ин даста сохта хаст.Ин хукуматдорон дигар аз сояи худ тарс доранд.Мухлисони дастаи Равшан, ки аз як тараф хам бисер хастанд, дуюм мухлиси ашшади , ки хастанд аз инхо инхо тарсидаанд.Ин фикри ман хаст, ва бовар хам дорам хакикат хаст.......

мухлис
эее ин шармандаги бояд ин дастаи равшана бояд дастгири кард

Мо мухлисони футболи точик хохони онем ки федератсия футбол ин мушкилиро дида барояд чун ки давлати моро муарифи мекунад .Ин айбаст хандаовар аст дар дигар давлат шунаванд инро ки чемпион маблаг надорад барои як бози Хочи шариф кучо шуд абача я вилоят дар дастат хаст наход пул надошта боши!!!

футболист
барои камандаи Истиклол пул ёфт мешудаасту барои камандаи Кулоб не? ин обурурезист.

Мухлис
Бояд дастаи " Равшан" дар ин бози иштирок карда голиб шавад! Умеди мухлисони футболи точикро барбод надихед, масъулин.

Точикистончон
Кучо шуд он нангу номуси мардонаги !!!! Ба худо дилам месузад! Хайф ,хайф,хайф. Агар равшан аз бози даст кашад ягон кас нагуяд, ки ман мардм!!!

мухлис
Тими Равшани Кулоб ин тими халки аст, аз рохбарони Равшан хохиш мекунем ки на ба хукумат балки ба халк мурочиат кунед, раками хисобатонро дар газетахо нишон дихед мардум ба Шумо ери мерасонад. Камбагали айб нест. Иншоаллох бо талбидан хам бошад ин тимро нигох медорем. Шуморо халк дуст медорад.

Dastai Ravshan yake az datshoi behtarini Tojikiston ast naxod ba in dasta inkadar noadolati kuned maylash karden ham monen bozisha bo dastai xorij az kishvar guzaronad akalan baroi hamin bozi akalan yori dihed. Va gufti digar barodar dasta boyad rakami (acount) shaxsii xudsha doshtaboshad dar ban hamuna dar internet, gazeta digarjoyho reklama kunad xub meshad. nadoshtan ayb nest ammo napursidam ayb meshavad chinki dar inja hakki tammomi mardumi Tojikiston hast va dar in bozi az nomi tanho Kulobjon neyu TOJIKISTON bozi mekunad.

Парвиз
Сарпарастон айбаст!!!,мо мардуми вилояти Хатлон он кадар маблаге надорем,вале рози хастем дасти кумак расонем, бо навиштаи Мухлис суратхисобатонро нависед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)