Бозигарони мусулмони дастаи машҳури «Реал»-и Мадрид (Испаниё) рўзадор будаанд.
Чеҳраи шинохтаи футболи ҷаҳонӣ , нимҳимоятгари дастаи «Реал» Ҳамид Алтинтоп гуфтааст: «Аз бозе ки худамро мешиносам ,ҳама вақт дар моҳи шарифи Рамазон рўза мегирам». Ў гуфтааст, аҷиб аст, ки рўзадорӣ иқтидори давандагӣ ва натиҷаҳои бозии ўро паст намекардааст. «Мо ҳам мусулмонем, чун тамоми мусулмонони дунё аз субҳи содиқ то намози шом аз хўрдану нўшидан худдорӣ меварзем»,- гуфтааст Ҳамид Алтинтоп.
Ҳамчунин, мутобиқ ба гуфтаи Ҳамид Алтинтоп мурабии дастаи «Реал» Жозе Моуринё ба рӯзадории онхо муқобил нест ва Карим Бензема ва Масъуд Озил, ду тан мусулмони дигари «Реал»низ рўзадор будаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр