Бахшҳо

Танбеҳи Талабшоҳ Муқимов ва Таҳмина Раҷабова барои хандаҳои бемавқеъ (ВИДЕО)

Роҳбарияти телевизиони “Сафина” Талабшоҳ Муқимов ва Таҳмина Раҷабова, ки барномаи солинавии ин шабака зери унвони “Пайки Сафед”-ро барандагӣ кардаанд, барои хандаҳои бемавқеъ ва зиёд танбеҳ додааст.

Карим Азизов, муовини аввали раиси телевизиони “Сафина”, имрӯз, 16-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ахиран аз тамошобинон шикоятҳо дар мавриди хандаҳои бемавқеи ин ду барандаи шинохта зиёд шудаанд: “Мо инро эътироф мекунем, ки дар барномаи “Пайки Сафед” камбудиҳо буд ва мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро такрор накунем.”

Азизов афзуд, ки аз Талабшоҳ Муқимов ва Таҳмина Раҷабова хостем, хандаҳои бемавқеашонро камтар кунанд. Муовини раиси “Сафина” афзуд, ки дар умум журналистҳои танбеҳгирифта муваффақ мебошанд ва ин барномаи шӯхиомез буд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хуршед
Мо нафахмидем, ки инхо масхарабоз буданд ё ровии барнома. Гумон кардем, ки аъзои гурухи Гарибшо шуданд. Акнун аз Орзу Исоев халос шудему бо ин ду рубару шудем. Ба инхо танбех хам хайф аст.

Журналист
Бемаънитарин барнома дар ин шабака буд. На этикаи журналисти на низом на маъно надошт ин барнома. Рохбарон пеш аз ичозат кучоро нигох карданд

Пиров
Рохбар,ки не серьезный шид коргар хам мисли вай меравад хаха

Хами мардума хич нафахмидум хами маъкултон намешид тамошош намекарде значит маъкул шидай ки нукта ба нукташа тамошо кардеву бо шиште танкид карда. Офарин.

Тамошобин
Магар ханда дар ТВ манъ аст? О камтар ханданд, аз ин кошу кавоки вазифадорон безор шудаем.

Ин корбарандагони ТВ САФИНА-ро хамаша танбех додан даркор то кам кам аз хакикат сухан кунанд

Зоирчон
Охир маъкул шава нашава халк чикор кунанд мачбур тамошо мекунанд ё ки аз ту ичозат пурсанд маскарабоз шумо дар хакикат ранги маскарабоз рафтор кардед бояд шуморо дигар дар намоишномахои идона рох надиханд бояд шахсони равшанфикр сиёсатмадор хиси милли доша барномахои идонаро баранд токи аз равнаку ривоч ёфтан Чумхури аз таърихи он кадом ид ба ба мо чи муносибат дорад донанд шумо як худатон танхо нестендку шармандахо бояд фикри халклкро хам кунед боз шарм надошта каментария менависад ки тамошо накун ту пули давлатро барои маскарабози мегири ту аз хисоби анахамин халк маош мегири бешарм ин телевизиони давлати хаст. Бояд кадрхои чавонро тарбия кард ами хардуи инхо чунон дар бадам задаст ки гуфти худашон намефорат Сафинара тамошо куни.

Дилшод
Чи танбех додаанд мо нафахмидем: 120-сомони е 26-сол ба зиндон? Агар 120-сомони бошад, дуруст кардаанд, лекин Талабшохро барои филми "Бехуда мехори маро"(?) 26-сол чазои чинояти додан даркор!

Хамин хам ТВ давлати? Наход хаминро барнома номидан мумкин? Як сатхи пасти кучагии бемаъни. Ин далолати маърифату маданияти умумии ТВ точик имруз мебощад! " ин чи шурест ки дар даври камар меринам ... "? Хуршед,

Рутам
Дар хакикат намоиши бемавкеъ буд. Примитив. аз онхо чизи бехтарро талаб кардан нашояд. Танхо чашми зебо хукук намедихад, ки вакти тамошобинро зоеъ намойи. Гузашта аз ин барои ТВ халк маблаг медихад...

ало
тахмина механда аку хахахахаххахахихиихиихихххвахахаахаххвах
ихихи

вокеан бемаънитарин барнома дар ин шабака буд. На этикаи журналисти на низом на маъно надошт ин барнома. Ахмак кардани шахсиятхоро

"Да я кутиш саволай, да я кутиш чавобай"-ин забони барандаи телевизиони давлати аст, ки бояд лахни гуфтори забони адаби дошта бошад. Каме аз барномаро тамошо карда будам, хусусан хамин сахнаи бо Садриддин сохтаро. Инро на хазл гуфта мешуду на шухи ин авбошие беш набуд. агар хамин корро дар куча бачае анчом дихад, хатман уро танбех медихем, ин авбоширо ин барандахои ситорамаоб тарики ТВ талкин карданд. барои ин кор танбех не, аз кор пеш кардан лозим аст. Умуман холо тв то ТВ шудан хело умри моро мехурад.Худо тарахум кунаду рузи моро ба чунин барандахо намонад.

Ромиз
Ин барномаро тарики Сафина тамошо кардам хуб, аз солхои дигар фарк дошт, вале дилам ба хамун Хаётой Муъминова хело хам сухт, журналистон статуси касбияташона гум карданд, наход ки ин хел сарояндаи шинохтаи кишварро чунин шухи кунанд. Бечораро дасташ ба ларза даромад, агар чизе мешуд ба у чавоб дода метонистан ё не.. Дастои Хаётой ба ларза даромад кариб дилаш аз кор мемонд, наход ки и хел шухии дилхарош кунанд а... боз хамуна эфирда додиян шарм накарда.. Ма ба чои Х Муъминова мешудам ба суд медодам журналистоя ба ин кори кардагишон.. Сарояндахои чавонда ин хели кардед хайр уно чавонанд о шуморо ки гуфтаст ки ба мисли Х Муъминова барин сарояндахо чунин шухии аз доираи этикаи журналисти берун... Дуруст соли навида шухи , аммо аз сархад берун баромадан не да.... Шумоя ба ин коратон ба мучозот кашидан даркор ба ин коратон

в
Ин Мукимовро холо хам аз телевизион пеш накардаанд магар? Кайхо уро рондан лозим аст. Факат лак-лаку пак-паки бемаъни.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)