Бахшҳо

ВИДЕО: Муъминов дар бораи куҳнавардӣ, ҷавонон ва дастгирии ҳукумат

Нилуфари КАРИМ

Фарҳод Муъминов, варзишгари тоҷик, ки дирӯз 14-уми январ нуқтаи баландтарини қитъаи Африқо – қуллаи Килиманҷаро фатҳ намудааст, дар суҳбат бо “Озодагон” аз куҳнавардӣ, имкониятҳои маҳдуди ҷавонони тоҷик ва кӯмакҳои аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гирифтааш нақл кард.

Озодагон: Айни ҳол дар куҷо қарор доред ва ба чӣ кор машғулед?

Муъминов: Ман дар давлати Танзания қарор дорам. Дирӯз мо аз қулла фаромадем. Дар қулла байрақи Тоҷикистонро гузоштам.

Озодагон: Ба ғайр аз Тоҷикистон боз намояндаҳои кадом кишварҳо дар экспедитсия ширкат карданд?

Муъминов: Ҳамроҳи ман сокинониАмрико, Фаронса, Англия, Русия ва дигар кишварҳо мебошанд. Дар умум зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон дар ин экспедитсия иштирок доранд. Аз байни 30 намояндаи кишварҳои гуногун ба 15 нафар муяссар гашт, ки ба сари қулла баромада, байрақи худро гузоранд.

Озодагон: Куҳнавардӣ, ки як бахши хавфноки варзиш аст, чӣ тавр шуд, ки мақбулатон шуд?

Муъминов: Бале, дуруст қайд кардед, куҳнавардӣ як намуди варзиши хатарнок аст ва олимон низ ин соҳаро ба қатори варзишҳои хатарнок ворид кардаанд. Ман аз хурдӣ ин соҳаро дӯст медорам. Дар ҳар як кор хатарҳо вуҷуд доранд ва ба фикри ман соҳаи куҳнавардӣ на он қадар хатарнок аст. Тавасути ин соҳа метавон бо тамоми давлатҳо ва табиати дигар кишварҳо ошно шуда, дустони нав пайдо кард.

Озодагон: Ҳангоми фатҳи қуллаҳо Шумо худро чӣ тавр эҳсос мекунед. Оё шуморо тарс фаро мегирад?

Муъминов: Дар ҳамин давлате, ки ман қарор дорам, як куҳ аст, ки баландтарин дар Африқо буда, номаш Килиманҷаро ва баландиаш 5 ҳазору 895 метр аст. Мардуми Танзания аз ҳисоби ҳамин куҳ даромади зиёде мебинанд. Агар ҳамин корҳоро дар оянда дар Тоҷикистон низ кунем, бисёр хуб мешуд, зеро мо бисёр куҳҳои зебо ва диданӣ дорем. Аслан сатҳи иқтисодиёти кишварро аз ҳисоби табиат бардоштан мумкин аст.

Озодагон: Ба рушди соҳаи куҳнавардӣ дар Тоҷикистон чӣ назар доред?

Муъминов: Дар Тоҷикистон соҳаи куҳнавардӣ он қадар рушд накардааст, зеро соҳаи туризми мо заиф аст. Агар ҳамасола ба Тоҷикистон 20-30 ҳазор сайёҳ биёяд ба дигар давлатҳо бошад миллионҳо сайёҳ ворид мешавад.

Озодагон: Шавқу ҳаваси ҷавонписарон ва духтарони тоҷикро ба соҳаи куҳнавардӣ чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

Муъминов: Дар Тоҷикистон албатта ҷавонон ба ин соҳа шавқи зиёд доранд, аммо шароити иқтисодии мо имкон намедиҳад, ки ҷавонон дар экспедитсияҳои байналмилалӣ иштирок кунанд.

Озодагон: Қаблан гуфта мешуд, ки иштироки Шуморо дар экспедитсияҳои байналмилалӣ шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Ин то куҷо дуруст аст?

Муъминов: Ташкилкунандагони экспедитсия қаблан ба номи президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, хостанд, иштироки маро аз номи Тоҷикистон дар экспедитсия таъмин кунад. Аз дастгоҳи президент нома ба Кумитаи варзиш ва саёҳии кишвар рафта аз онҷо ба ман занг заданд ва ҳадафи дар ин экспедитсия иштирок карданамро пурсиданд. Баъд аз ин тамоми хароҷот аз ҳисоби ҳукумати кишвар пардохт шуд. Маликшо Неъматов, раҳбари Кумитаи варзиш ба ман занг зада аҳволпурсӣ мекунанд, маблағ даркор шавад мефиристонанд.

Озодагон: Ин чандум мусобиқаи байналмилалие аст, ки Шумо иштирок мекунед?

Муъминов: Ба ғайр аз мусобиқаҳое, ки дар Русия мегузарад ва ман иштирок кардаам, ин 9-умин экпедитсияи байналмилалиест, ки иштирок дорам ва байрақи Тоҷикистонро дар қуллаҳои баландтарини дунё гузоштаам. Ман ду қуллаи ҳафтҳазорметра - Корженевская (7105 м), Абӯалӣ ибни Сино (7134 м) ва инчунин қуллаи Элбрус (5642 м)-ро фатҳ кардаам.

Озодагон: Дар ҳамин мусобиқаҳои, ки Шумо иштирок мекунед ягон ҷоиза доранд ва дар ин экспедитсия ба Шумо чӣ ҷоиза пешбинӣ шудааст?

Муъминов: Ба ҳар иштирокчие, ки қулларо фатҳ намуд шаҳодатнома дода мешавад. Аммо ба хотири оне, ки ман аз миёни иштирокдорон аввалин шуда, ба ин қулла баромадам, мегӯянд, ки ба ман унвони устоди байналмилалии куҳнавардиро медиҳанд. Ин ҳоло дақиқ нест танҳо аз дӯстон шунидам.


Мусоҳиба бо Фарҳод Муъминов тариқи Скайп:

Мӯҳр
Besavod
In qullaro mardum barvakt fath karda budand!!!! Nav khudut uja rafti.

Ба назари ман Ин писарбача дуруг мегуяд!
Фатхи куллахои баландпоя кори осон нест ва одамхо солхо тачриба мегиранд ки ба онхо бароянд.
У медонад ки суханхои уро хеч кас имкони санчидан надорад гуфти русхо гнать кардан мегирад!

Аслан як матали хубе хаст, ки мегуянд, Шунидан кай бувад монанди дидан ман шохиди сайёхатхои Фарход Муминов хастам зеро дар як чой бо у тахсил намудаам ва сайёхатхо гузаронидаем. Дар хакикат у нафаре хаст, ки Точикистонро дар арсаи байналмилали муаррифи кардааст. Дуруст аст, ки ба куллаи баландатарини Эверест, Калиманчаро ва куллахои баландарини Точикистон Корженевский ва Ленин баромадааст. Ин дуруг нест хакикат аст ва ногуфта намонад, ки на ба хар шахс муяссар мегардад, ки ба куллахои баландтарини дунё барояд.

Besavod,
Daler,
Знаете что говорят " Если завидуешь,завидуй молча" сами хот разок попробовали подняться хот на 4000. Советую перевал Ангишт с южной части поднимитесь. Да туда поднялись многие и будут подниматься Но не всем суждено там побывать. А вы только на фотку посмотрите он же выше облаков стоит

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)