Карасин: Оилаҳои тоҷикони фавтида дар Волгоград кӯмак мегиранд
Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Маскав бори дигар аз фавти тоҷикон дар террори Волгоград ёдрас карда, афзудааст, ки кӯмаки молиявӣ барои хонаводаи фавтидагон аз ҷониби ҳукумати Русия рӯзҳои наздик расонида хоҳад шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон ҳамчунин Карасин муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки дӯстии тоҷиконро дар рӯзҳои ҳамлаҳои террористӣ эҳсос кардааст.
Дар ҳамлаи террористии Волгоград, ки охири декабри соли 2013 сар зад ду шаҳрванди Тоҷикистон, Раҳмоналӣ Ғозиеви 42-сола ва Тошпулод Назарови 54-сола ба ҳалокат расида буданд. Дар маҷмуъ ҳамлаҳои терористии Волгоград даҳҳо кушта барҷой гузоштанд, ки ба оилаҳои ҳар кадомаашон сарфи назар аз табаият мақомоти Русия 2 миллион рубл кӯмак ваъда карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |