Шӯрои сиёсии ҲНИТ: Тирпарронӣ дар марз ҳушдор буд
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бо пахши изҳороте ҳодисаи тирпаронии рӯзи 11-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро маҳкум карда, гуфтааст, ки ин ҳодисаи нохуш набояд василаи таблиғотӣ алайҳи якдигар бигардад.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфтааст, ки ҳодисаи 11-уми январ барои масъулини ҳарду кишвар ҳушдор буд, то ба масъалаи нишонгузории одилонаи марзҳо ҷиддан машғул шаванд. ҲНИТ гуфтааст, бо истифода аз хомушӣ ва камфаъолиятии ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон мақомоти Қирғизистон ва расонаҳои хабарии онҳо фазои иттилоотиро якҷониба пур карда, ҷониби Душанберо гунаҳкор инъикос кардаанд.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар баробари маҳкум кардани масъалагузории яктарафа аз ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон тақозо кардааст, ки мавқеи ошкортар ва боварибахш нисбати ин қазия дошта бошанд: “Чунин ба назар мерасад, ки ниҳодҳои масъули давлатии Тоҷикистон худро аз қазия дур гирифта, вазни ин мушкилиро ба души Президент, неруҳои мусаллаҳи кишвар ва расонаҳои мустақил вогузор кардаанд. Чунин рафтори номуносиб осебпазирии низоми давлатиро дар баробари буҳронҳо ошкор сохта, ҷавобгуйи манфиатҳои миллӣ ва давлатии мо нест. Таъмини истиқлолияти миллӣ, ҳифзи марзу бум ва кумак ба ниҳодҳои қудратии кишвар бояд имрӯзҳо аз муҳимтарин масоили кории ҳукумат, парлумон ва дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон бошад”.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфтааст, ки равшанфикрон ва ашхоси динӣ барои коҳиш додани ташаннуҷ метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд, чунки боло рафтани ҳассосият байни ду кишвари дӯст боиси осебпазирии ҳарду миллат дар баробари мушкилоти муштараки минтақаӣ хоҳад гашт.
Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |