Нигаронии Кохи Сафед аз тавофуқи Эрон бо Русия
Амрико аз тавофуқи ахири Эрон бо Русия, ки минбаъд тибқи он Маскав аз Теҳрон ҳар моҳ ба маблағи 1,5 миллиард доллар нафт харидорӣ мекунад, нигаронӣ кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, Кейтлин Хэйден, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед гуфтааст, кишвараш аз гузоришҳои охир дар мавриди ин қарордоди Теҳрону Маскав дар ташвиш мебошад. Инчунин ба қавли манбаъ, Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷии Амрико низ, дар ин бора нигаронии худро мустақиман ба Сергей Лавров, ҳамтои русаш расонидааст.
Ин нигаронии Кохи Сафед дар ҳолест, ки ба назари он қарордоди мазкур метавонад, ба таҳримҳои ҷорӣ алайҳи Эрон таъсири манфӣ расонад.
Дар пайи ҷорӣ шудани таҳримҳои кишварҳои Ғарб алайҳи Эрон, содиритоти нафти ин кишвар дар рӯз ҳудуди як миллион бушка коҳиш ёфта буд. Аммо бо ҳосил шудани тавофуқи мазкур, мақомоти Теҳрон иддао доранд, ки ҳаҷми содироти нафти Эрон афзоиш меёбад. Тибқи ин қарор, Маскав ҳар рӯз ҳудуди 500 ҳазор бушка нафт аз Теҳрон мехарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |