Бишкек: Сафир то ҳалли низои марзӣ ба Душанбе барнамегардад
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон, то анҷоми тафтишоти низои марзӣ дубора ба Душанбе бар нахоҳад гашт. Ин дипломати қирғиз дар пайи тирпаронии марзбонони ду кишвар ба Бишкек бозхон шуда буд.
Тибқи иттилои расонаии “24.kg”, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ҳоло муайян нест, то кай Урмат Саралаев, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон дар Бишкек боқӣ мемонад. Ба иттилои манбаъ, баргашти дубораи сафири бозхондшудаи Қирғизистон ба Душанбе аз муҳлати тафтишоти дуҷонибаи тирпаронии 11 январ дар марзи ду кишвар вобастагӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 14 январ вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз даъвати Урмат Саралаев ба Бишкек хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, сабаби даъвади сафираш аз Душанбе ба ватан баррасӣ ва машварат оид ба қазияи пешомада мебошад.
Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |