Барканории Давлат Сафар ва Мунира Ҳакимова
Давлат Сафар, раҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино”, рӯзи 15 январ аз вазифааш барканор шуда, ба курсии ӯ Маҳмадкарим Соҳибов, директори собиқи киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” нишастааст. Оқои Сафар дар ду соли пеш ба ин мақом аз муовини аввали директори Шабакаи аввали телевзиони Тоҷикистон омада буд.
Дар пайи таъин шудани Давлат Сафар ба раҳбарии корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” тарҷума ва фурӯши чанде аз филмҳои туркӣ, аз ҷумла “Ҳомиён”, манъ гардид. Агарчӣ баъдан баъзе аз ин филмҳо дубора тарҷума ва ба фурӯш бароварда шуданд.
Манбаи “Озодагон”, инчунин, иттилоъ дод, ки Мунира Ҳакимова -- раиси Кохи Ҷомӣ аз вазифааш барканор шуда, ба ҷои ӯ собиқ директори Кохи Тоҷикистон, Ҳусейн Сафарзода, таъин шудааст. Ба иттилои манбаъ, ҳоло Давлат Сафар ва Мунира Ҳакимова ба ягон мансаби нав таъин нашудаанд.
Мунира Ҳакимова ҳамчун журналист ва наттоқ дар радиои Тоҷикистон ва шабакаи аввали Тоҷикистон кор карда, бо овози хубаш миёни мардум маъруф аст. Давлат Сафар ҳам аз журналистони ботаҷрибаи телевизион ба ҳисоб меравад ва гуфта мешавад, ки дубора ба барномаҳои нав дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҷалб мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |