Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз рафти ҷаласаи васеи солонаи ҳукумат, ки субҳи имрӯз, 15-уми январ оғоз шуда, феълан ҷараён дорад, гузориши аксӣ таҳия намудааст. Дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат, раёсат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президенти Тоҷикистон ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони расмӣ ширкат доранд.
Мӯҳр